Тоҷикистону Узбекистон “Боғи дӯстӣ” бунёд мекунанд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСбор фруктов
Сбор фруктов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2025
Обуна шудан
Ба хотири таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии Узбакистону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “Боғи дӯстӣ” бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ахиран ба Тоҷикистон директори Агентии рушди агросаноатии Узбекистон сафар кард, иттилоъ додааст сомонаи хабарии YUZ.uz.
Вай дар ин сафар бо муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло дидору гуфтугӯ дошт.
Дар рафти мулоқот ҷузъиёти лоиҳаи “Боғи Дӯстӣ” баррасӣ шуда тадбирҳои татбиқи он муайян карда шуданд.
Ҳайат инчунин аз макони барои лоиҳа ҷудошуда дар Душанбе дидан намуда, марҳалаҳои татбиқи онро таҳлил карданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа тавсияҳои зарурӣ таҳия гардида, худи ҳамон рӯз татбиқи амалии лоиҳа оғоз гардид.
Лоиҳа якчанд самтҳои асосиро дар бар мегирад. Ҷорӣ намудани системаи обёрии қатрагӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва шароити муносиб барои рушди зироатҳои кишоварзиро таъмин мекунад.
Встреча делегаций Рязанской и Согдийской областей в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2024
Аз бунёди боғ то корхонаҳои пойафзолу доруворӣ: Суғду Рязан ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд
Қайд карда шудааст, ки дар Узбекистон ниҳолҳои хушсифати дарахтони мевадиханда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқанд, барои фиристодан омода карда шудаанд.
Ғайр аз ин, лоиҳа тайёр кардани заминро дар бар мегирад: баланд бардоштани ҳосилхезии он, ба замин андохтани нурии хушсифат ва фароҳам овардани шароит барои ҳосили баланд.
Ба таъмини инфрасохтори боғ: рушди системаҳои самараноки обёрӣ, насби механизмҳои муҳофизатӣ ва нигоҳубин, корҳои кабудизоркунӣ ва ташкили раванди ниҳолшинонӣ таваҷҷуҳи хос дода мешавад.
Илова бар ин, дастгирии касбӣ дар шакли машваратҳои агрономӣ ва табодули таҷриба байни мутахассисони узбеку тоҷик сурат мегирад, ки самаранокии ҳамкориҳои кишоварзии ду кишварро беҳтар хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0