https://sputnik.tj/20250217/iftitoh-avvalin-maktabi-yakshanbegi-tojikiudmurtiyai-rusiya-1066259405.html
Ифтитоҳи аввалин мактаби якшанбегии тоҷикӣ дар Удмуртияи Русия
Ифтитоҳи аввалин мактаби якшанбегии тоҷикӣ дар Удмуртияи Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дар мактаби якшанбегии тоҷикӣ таваҷҷуҳи хос ба омӯзишӣ забони русӣ ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеа дода мешавад
2025-02-17T18:01+0500
2025-02-17T18:01+0500
2025-02-17T18:01+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
русия
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/11/1066260380_106:151:1164:746_1920x0_80_0_0_6441642e1b6e0222417e613a7544749d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Хонаи дустии халқҳои минтақаи Удмуртия аввалин мактаби якшанбегии тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати ин минтақаи Русия хабар доданд."Дар Удмуртия барои бачагон мактабҳои миллии якшанбегии арманӣ, озарбойҷонӣ, узбекӣ ва яхудӣ мавчуданд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол ба ҷумхурии мо шумори зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла онҳое, ки кудак доранд, меоянд ва Тоҷикистон дар ҷои дуюм аст. Барои мо муҳим аст, ки онҳо ба ҷомеаи мо зудтар ворид шаванд", - гуфт муовини вазири сиёсати миллӣ Александр Филатов.Вай афзуд, ки дар ин мактаб таваҷҷуҳи хос ба омӯзиши забони русӣ ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеа дода мешавад.Барои дигар миллатхо низ машғулиятҳо ташкил карда мешаванд, то ки бо маданияти Тоҷикистон шинос шаванд."Мо нақша дорем, ки донишҷӯёни тоҷики солҳои охири таҳсилро, ки аллакай ба ҷомеаи мо мутобиқ шудаанд, ҷалб намоем, то онҳо ба ташкили дарсҳо ва кор бо кӯдаконро кумак намоянд, - қайд кард Александр Филатов.Қайд карда шудааст, ки рӯзи 15 феврал дар аввалин дарси ин мактаб кӯдакон бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии аграрии Удмуртия ва бо хусусиятҳои забони точикӣ ошно шуданд.
https://sputnik.tj/20240912/maktabi-rusi-tojiki-dushanbe-kvantorium-parki-tekhnolog-video-1064309690.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/11/1066260380_110:0:1145:776_1920x0_80_0_0_57597b6680e2d05dbdda66f1b55e97ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русӣ, забони русӣ, мактаби якшанбегӣ, русия, удмуртия
тоҷикистон, русӣ, забони русӣ, мактаби якшанбегӣ, русия, удмуртия
Ифтитоҳи аввалин мактаби якшанбегии тоҷикӣ дар Удмуртияи Русия
Дар мактаби якшанбегии тоҷикӣ таваҷҷуҳи хос ба омӯзишӣ забони русӣ ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеа дода мешавад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Хонаи дустии халқҳои минтақаи Удмуртия аввалин мактаби якшанбегии тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати ин минтақаи Русия хабар доданд.
"Дар Удмуртия барои бачагон мактабҳои миллии якшанбегии арманӣ, озарбойҷонӣ, узбекӣ ва яхудӣ мавчуданд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол ба ҷумхурии мо шумори зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла онҳое, ки кудак доранд, меоянд ва Тоҷикистон дар ҷои дуюм аст. Барои мо муҳим аст, ки онҳо ба ҷомеаи мо зудтар ворид шаванд", - гуфт муовини вазири сиёсати миллӣ Александр Филатов.
Вай афзуд, ки дар ин мактаб таваҷҷуҳи хос ба омӯзиши забони русӣ ва қоидаҳои рафтор дар ҷомеа дода мешавад.
Барои дигар миллатхо низ машғулиятҳо ташкил карда мешаванд, то ки бо маданияти Тоҷикистон шинос шаванд.
"Мо нақша дорем, ки донишҷӯёни тоҷики солҳои охири таҳсилро, ки аллакай ба ҷомеаи мо мутобиқ шудаанд, ҷалб намоем, то онҳо ба ташкили дарсҳо ва кор бо кӯдаконро кумак намоянд, - қайд кард Александр Филатов.
Қайд карда шудааст, ки рӯзи 15 феврал дар аввалин дарси ин мактаб кӯдакон бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии аграрии Удмуртия ва бо хусусиятҳои забони точикӣ ошно шуданд.