Тоҷикистон қочоқбари маводи мухаддир, ки дар Литва паноҳанда шуд, боздошт хоҳад кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание министерства внутренних дел Таджикистана
Здание министерства внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2025
Обуна шудан
Ба гузориши мақомот, ӯ аз Афғонистон ба Аврупо маводи мухаддир интиқол медод ва то кунун 24 узви гурӯҳ таҳти раҳбарии ӯ дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Тоҷикистон ният дорад, ба боздошти Шамсулло Саидшарипов, ки аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, муваффақ шавад.
Дар ин бора ба РИА "Новости" дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
"Тоҷикистон барои боздошти Шамсулло Саидшарипови 40-сола, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дархост хоҳад кард. Тибқи маводи парвандаи ҷиноӣ, ӯ раҳбари як гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ буд, ки ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо машғул буд", - гуфтааст ҳамсуҳбати агентӣ.
Тавре вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ахин ба хабарнигорон гуфт, Саидшарипов аз 3 сентябри соли 2019 таҳти пайгарди Интерпол қарор дошт, вале 6 сентябри соли 2023 дарҳол пас аз додани мақоми паноҳандаи сиёсӣ аз ҷониби Литва номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯии Интерпол хориҷ карда шуд.
"Ӯро ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекунанд ва амалҳояш ба сиёсат, дин ва амалиёти низомӣ иртибот надоранд", - гуфт Раҳимзода.
Вазир қайд кард, ки тайи 4 соли ахир 24 узви ин гурӯҳ таҳти раҳбарии Саидшарипов боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо як тонна маводи мухаддири гуногун мусодира шудааст.
Таблетки экстази - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
“Экстази ба ҷои банг”: даврони мухаддироти табиӣ ба поён расид?
Вай тавзеҳ дод, ки Саидшарипов дар 10 парвандаи ҷиноии марбут ба қочоқи маводи мухаддир низ даст дорад.
Таъкид шуда, ки вай бо моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ҳаммонандҳои онҳо), 202 (дузди воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ҳаммонандҳои онҳо), 262 (шустушӯи маблағҳои аз ҷиноят бадастоварда) ва 289 (қочоқ) муттаҳам мешавад".
Ҳанӯз вокуниши расмӣ аз Вилнюс дар ин бора пахш нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0