https://sputnik.tj/20250216/sughd-narkh-gusht-ravghan-garon-ord-shakar-arzon-video-1066246034.html
Дар Суғд нархи гӯшту равған гарону орду шакар арзон шудааст – видео
Дар Суғд нархи гӯшту равған гарону орду шакар арзон шудааст – видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд соли гузашта қимати қимати гӯшт, равған ва сабзиву карам якбора боло шуда, аммо тухму орд ва шакар арзонтар шудааст
2025-02-16T15:55+0500
2025-02-16T15:55+0500
2025-02-18T16:54+0500
видео
дар тоҷикистон
суғд
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/10/1066245860_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_9374558ddbf36243b62836a4ff673d2c.jpg
Дар шимоли Тоҷикистон мизони таваррум тайи соли 2024 ҳудуди 3,6%-ро ташкил додааст.Дар ин бора сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд, Ҳокимбек Накҳатзода зимни ироаи санҷишҳои ниҳодаш аз вазъи бозорҳои вилоят изҳор дошт. Вай дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ҳар ҳафта се маротиба нархи молу маҳсулот дар бозору фурӯшгоҳҳоро мушоҳида ва таҳқиқи мекунанд.Бино ба гуфтаи вай, дар соли 2024 асосан нархи маҳсулотҳои озуқаворӣ ба монанди равғаи офтобпараст 4,2%, биринҷ 5,6%, шир ва маҳсулоти ширӣ 8%, лубиё 10,9%, мош 11,9%, гӯшт ва маҳсулоти гӯшӣ 15,5%, равғани пахта 16,7%, сабзӣ 26,1% ва карам 29,1% баланд шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии Суғд ба 22 млрд сомонӣ расидаастБино ба иттилоъи манбаъ дар ин давра нархи себ 0,6%, нахуд 1,8 %, тухм 2%, картошка 4,1%, пиёз 5,4%, орди навъи якум 11,5%, шакар 13% ва ярмаи марҷумак (гречка) 28,4% арзон шудааст. Бино ба иттилоъи ӯ, дар соли 2024 умуман индекси нархҳо 103,6% ро ташкил кардааст, ки аз ин молҳои озуқаворӣ 103,1% ва дараҷаи нархи молҳои ғайриозуқа ба 103,4% баробар шудааст.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/10/1066245860_0:0:1292:969_1920x0_80_0_0_4fa44e85fc8c4f641ed9ecc77a4ebeff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд нарх гӯшт равған гарон орд шакар арзон видео
суғд нарх гӯшт равған гарон орд шакар арзон видео
Дар Суғд нархи гӯшту равған гарону орду шакар арзон шудааст – видео
15:55 16.02.2025 (Навсозишуда: 16:54 18.02.2025) Дар вилояти Суғд соли гузашта қимати гӯшт, равған ва сабзиву карам якбора боло шуда, аммо тухму орд ва шакар арзонтар шудааст
Дар шимоли Тоҷикистон мизони таваррум тайи соли 2024 ҳудуди 3,6%-ро ташкил додааст.
Дар ин бора сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд, Ҳокимбек Накҳатзода зимни ироаи санҷишҳои ниҳодаш аз вазъи бозорҳои вилоят изҳор дошт.
Вай дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ҳар ҳафта се маротиба нархи молу маҳсулот дар бозору фурӯшгоҳҳоро мушоҳида ва таҳқиқи мекунанд.
Бино ба гуфтаи вай, дар соли 2024 асосан нархи маҳсулотҳои озуқаворӣ ба монанди равғаи офтобпараст 4,2%, биринҷ 5,6%, шир ва маҳсулоти ширӣ 8%, лубиё 10,9%, мош 11,9%, гӯшт ва маҳсулоти гӯшӣ 15,5%, равғани пахта 16,7%, сабзӣ 26,1% ва карам 29,1% баланд шудааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин давра нархи себ 0,6%, нахуд 1,8 %, тухм 2%, картошка 4,1%, пиёз 5,4%, орди навъи якум 11,5%, шакар 13% ва ярмаи марҷумак (гречка) 28,4% арзон шудааст.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар соли 2024 умуман индекси нархҳо 103,6% ро ташкил кардааст, ки аз ин молҳои озуқаворӣ 103,1% ва дараҷаи нархи молҳои ғайриозуқа ба 103,4% баробар шудааст.