335 ҳазор сайёҳони рус дар соли 2024 аз Тоҷикистон дидан карданд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкПассажир в Международном аэропорту Внуково в Москве.
Пассажир в Международном аэропорту Внуково в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2025
Обуна шудан
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон қайд кард, ки имкони ҷалби боз ҳам бештари сайёҳони рус ба кишвар хеле бузург аст
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта ҳудуди 335 ҳазор сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
"334,5 ҳазор сайёҳон (Русия), яъне афзоиши теъдоди сайёҳон ба Тоҷикистон ба назар мерасад. Ин, албатта, моро шод мегардонад. Мехоҳам қайд намоям, ки мо дар ин самт - ҷалби сайёҳон аз Русия - аҳамияти хоса медиҳем, зеро имкони бузург вуҷуд дорад. Боварӣ дорам, ки сайёҳони рус ба мо таваҷҷуҳи зиёд доранд", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахонзода таъкид кард, ки Тоҷикистон то ҳол мушкили огоҳии русҳо аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва зебоиҳои кишварро ҳал накардааст.
"Мо бояд ҳамкорӣ бо ҳамкорони худ дар Русияро идома диҳем", - таъкид кард мақомдори тоҷик.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки соли гузашта аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳони хориҷӣ дидан кардаанд.
Аз ҳама бештар ба Тоҷикистон сайёҳон аз кишварҳои ҳамсояи Узбекистон (897,3 ҳазор), Русия (335 ҳазор), Қазоқистон (34,6 ҳазор), Чин (20,5 ҳазор) ва Афғонистон (11,3 ҳазор) ташриф оварданд.
Встреча по развитию туризма между Таджикистаном и Средним Уралом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2024
Имзои санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ миёни вилояти Свердловски Русия ва Тоҷикистон
Солҳои охир соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон фаъолона рушд дорад. Шумораи сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд аст.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода гуфта буд, дар соли 2023 сафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон 20% афзоиш ёфта, шумораи боздидҳо ба кишвар аз 1,2 миллион нафар гузаштааст.
Моҳи декабри соли гузашта Кумитаи рушди сайёҳӣ замимаи мобилии Харитаи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Ҳадаф аз сохти ин замима муаррифӣ ба сайёҳони хориҷӣ аз зебоӣ ва меҳмоннавозӣ, инчунин ҷойҳои ҷолиби Тоҷикистон мебошад.
Зимнан зикр гардид, ки Харитаи сайёҳии Тоҷикистон бидуни пайвасти интернет кор мекунад ва онро метавон аз мағозаҳои барномаҳои Google Play ва App Store насб кард.
Лентаи хабарҳо
0