Дар Душанбе хотираи ҷанговарони интернатсионалистро пос медоранд

© SputnikМитинг в Душанбе, посвященный выводу советских войск из Афганистана
Митинг в Душанбе, посвященный выводу советских войск из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2025
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон дар боғи Мироненко гирдиҳамоии ёдбуд баргузор шуд, ки он ба хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон бахшида шуда буд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба хотираи чанговарони интернатсионалист чорабинй барпо гардид.
Ин чорабини ба муносибати 36-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон бахшида шуд.
Барои гузоштани гул ба пояи муҷассамаи Александр Мироненко собиқадорон, намояндагони вазорати дифоъ, дипломатҳои Русия ва низомиёни пойгоҳи 201 омаданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Пас аз анҷоми маросим иштирокдорони зиёде дар назди ёдгорӣ ҷамъ омада, ба насли наврас аз рӯйдодҳои он замон нақл карданд.
Cубботник в честь победы в Великой Отечественной войне на Русском кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2024
Ҳашари тозасозии оромгоҳҳои масеҳиён дар Душанбе баргузор шуд
Собиқадорон ҳамсафони худ ва душвориҳоеро, ки ҷанговарони шӯравӣ дучори он шуда буданд, ёдовар шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳамаи ҳозирин аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онро таъкид намуданд.
Илова бар ин, дар Донишгоҳи славянии русӣ-тоҷикӣ дар ҳамин мавзӯъ мулоқот баргузор шуд. Дар он ҳамчунин аъзои созмонҳои собиқадорон, кормандони намояндагии дипломатии Русия, ходимони ҷамъиятӣ ва фаъолон ширкат варзиданд.
"Аҷиб ин аст, ки афғонҳо онҳоеро, ки "шурави" меноманд, эҳтиром мекунанд. Онҳо хотираи таърихӣ доранд ва дар хотир доранд, ки қариб тамоми инфрасохторро СССР офаридааст, ки онро падарони мо сохтаанд. Ин ағбаи Саланг аст, ки шимолро бо тамоми кишвар мепайвандад. Ин агрокомплекси азими Ҷалолобод, Донишгоҳи Кобул мебошад", - тавзеҳ дод сафири Русия дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои Шӯравӣ 15 майи соли 1988 ба хориҷ аз Афғонистон шурӯъ карданд ва 15 феврали соли 1989 пурра хоки Афғонистонро тарк карданд.
Ҳамасола дар шаҳрҳои мухталифи Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ чорабиниҳои ёдбуд баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0