Артиши Украина ба шикори мардуми осоишта дар наздикии Курахово гузаштанд – видеоҳо

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкБоевая подготовка артиллеристов Южной группировки войск.
Боевая подготовка артиллеристов Южной группировки войск. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
Обуна шудан
Артиши Украина дар шоҳроҳи Курахово то деҳаи Дачноеи ҶМД аз паҳподҳо ба сокинони осоиштаро бомборон мекунанд
Артиши Украина дар роҳи Курахово то деҳаи Дачноеи ҶМД шаҳрвандони осоиштаро шикор мекунанд, аз паҳподҳои “FPV” ба сари онҳо бомб меандозанд, наворҳоро РИА “Новости” дарёфт кардааст.
Як паҳпод Русия сабт кардааст, ки як паҳподҳои украинӣ ба мошини як мард бомб меандозад.
Шаҳрванд аз мошинаш ба ягона паноҳгоҳи наздик – худрави зиреҳпӯши сӯхта дар шоҳроҳ фирор кард. Бо вуҷуди ин бомбандозӣ халос нашуд.
"Баъд ӯ ба мошинаш баргашта, талош кард, ки онро ба кор дарорад, аммо мошин чанд метр ҳаракат кард ва сипас муҳаррик аз кор монд", - афзуд манбаи РИА “Новости”.
Мард берун баромад ва як бомб дар наздаш метаркад ва аз пояш сахт захмӣ шуд. Онро бо либоси худаш мебандад.
"Дар ҳамин ҳол, низомиёни рус як паҳподро бо лавозимоти тиббӣ барои кумак фиристоданд. Онҳо онро партофтаанд, аммо ин мард дигар аломатҳои зинда буданашро нишон надод", - гуфт манбаъ.
Дар видеои дуввум, дар як шоҳроҳ ду сокини осоишта, савори дучарха, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ӯ захмӣ шуд, аммо баъдтар аз ҷояш бархост ва ҳаракатро идома дод.
Дар бораи озод кардани деҳаи Дачное дар ғарби Курахово 14 феврал хабар дода шуд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина саросемавор аз ин шаҳр ақибнишинӣ карданд ва кӯшиш карданд, ки хатти нави дифоъ созанд.
Президент Владимир Путин дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорати дифоъ қайд кард, ки мақомоти Киев ҳамарӯза алайҳи мардуми худ ва Русия ҷиноят содир мекунанд, аз ин рӯ вазифаи мақомоти адлияи ҳарбӣ сабти ҳамаи ин қонуншиканиҳост, ба хусус алайҳи аҳолии осоишта. Вай ба хадамоти махсус дастур дод то ҷинояткоронро пайдо ва муҷозот кунанд.
Лентаи хабарҳо
0