https://sputnik.tj/20250213/nurmahmadzoda-tojikiston-shakhsoni-nafarand-1066206645.html
Нурмаҳмадзода: Дар Тоҷикистон шахсони аз 100-сола боло 230 нафаранд
Нурмаҳмадзода: Дар Тоҷикистон шахсони аз 100-сола боло 230 нафаранд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи директори Агентии омори Тоҷикистон гуфт, то аввали соли 2025 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 10 миллиону 497 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
2025-02-13T09:36+0500
2025-02-13T09:36+0500
2025-02-13T09:36+0500
дар тоҷикистон
омор
аҳолӣ
ҷамшед нурмуҳаммадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040116602_0:83:1280:804_1920x0_80_0_0_0bf64e42ef61ed583eaaf5fb480a1377.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ааҳолии кишвар ҳар сол 2,2 фоиз афзоиш меёбад ва то аввали соли 2025 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 10 миллиону 497 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.Дар ин бора раҳбари Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба гуфтаи вай, дарозумрӣ низ дар мамлакат зиёд гардидааст, ки ин нишонаи болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад.Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 нисбат ба соли 2023 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 4,8 % зиёд шудааст.Зиёдшавии сабти таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.Вай илова кард, ки коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 24,2 ва 3,2 нафар рост меояд. Инчунин дар мамлакат шумораи занон 49,3 фоиз ва мардон 50,7 фоизро ташкил медиҳад.Ҳамзамон Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, дар Тоҷикистон шахсони аз 100-сола боло 230 нафар мебошанд, ки 112 нафарро занон ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20241207/tojikiston-ahol-osiyoi-markazi-segonai-avval-dokhil-1065411994.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040116602_91:0:1228:853_1920x0_80_0_0_9b25869ae28b76726fe1537cae7092cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, аҳолӣ, шахсон аз 100 боло, зиёдшавӣ, омор
тоҷикистон, аҳолӣ, шахсон аз 100 боло, зиёдшавӣ, омор
Нурмаҳмадзода: Дар Тоҷикистон шахсони аз 100-сола боло 230 нафаранд
Ба гуфтаи директори Агентии омори Тоҷикистон гуфт, то аввали соли 2025 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 10 миллиону 497 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ааҳолии кишвар ҳар сол 2,2 фоиз афзоиш меёбад ва то аввали соли 2025 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 10 миллиону 497 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора раҳбари Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дарозумрӣ низ дар мамлакат зиёд гардидааст, ки ин нишонаи болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад.
“Инчунин омили дигари дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, кам кардани фавти кӯдакон, кам шудани фавт байни аҳолии қобили меҳнат, инчунин кам кардани истеъмоли машруботу тамоку мебошад”, - гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 нисбат ба соли 2023 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 4,8 % зиёд шудааст.
Зиёдшавии сабти таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.
“Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 2%, дар вилояти Хатлон 3,3%, Суғд 3,7%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7% ва дар шаҳри Душанбе 9,9%-ро ташкил медиҳад”, - гуфт раиси Агентии омор.
Вай илова кард, ки коэффитсиенти умумии таваллуд ва коэффитсиенти умумии фавт аз рӯи баҳои пешакӣ мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 24,2 ва 3,2 нафар рост меояд. Инчунин дар мамлакат шумораи занон 49,3 фоиз ва мардон 50,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, дар Тоҷикистон шахсони аз 100-сола боло 230 нафар мебошанд, ки 112 нафарро занон ташкил медиҳанд.