https://sputnik.tj/20250213/muzokirot-tashkili-mintaqai-ozodi-tijorati-iiao-ama-1066225858.html
Музокирот дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ байни ИИАО ва АМА ба анҷом расид
Музокирот дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ байни ИИАО ва АМА ба анҷом расид
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар ояндаи наздик созишнома дар бораи тиҷорати озод имзо хоҳанд кард
2025-02-13T18:13+0500
2025-02-13T18:13+0500
2025-02-13T18:13+0500
ииао
авруосиё
тиҷорат
ама
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/24/1029032494_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_124f89a4c84cd8c064d40e7a07f698de.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Музокирот дар бораи таъсиси минтақаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ба анҷом расид.Дар ин бора вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев дар ҳамоиши байналмилалӣ дар чаҳорчӯби "Ҳафтаи тиҷорати Русия", ки аз ҷониби Иттиҳодияи саноатчиён ва соҳибкорони Русия (РСПП) ташкил шудааст, хабар дод.Слепнев қайд кард, ки созишнома аллакай омода шудааст ва ҳоло расмиёти дохилии давлатӣ мегузарад.“Интизор меравад, ки созишнома имсол имзо шавад. Дар мавриди созишнома бо Иморот бошад, мо онро омода дорем, гуфтушунид ба охир расид ва мо, албатта, ният дорем, ки онро имзо кунем”, - қайд кард Слепнев.Илова бар ин, вазир таваҷҷӯҳи баланди шарикони байналмилалиро ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат таъкид намуд."Имрӯз мо созишномаи тиҷорати озодро бо Эрон иҷро карда истодаем, як созишномаи бесобиқа барои Эрон бо баландтарин сатҳи либерализатсия [...] умедворем, ки ин созишнома дар моҳҳои наздик эътибор пайдо мекунад", - афзуд вай.Оқои Слепнев ҳамчунин аҳамияти ин созишномаро дар заминаи ташаккули долони нақлиётии Шимол-Ҷануб, ки аз рушди ҳамкориҳо дар сатҳи нав гувоҳӣ медиҳад, қайд кард.
https://sputnik.tj/20250212/akademiyai-ulumi-rusiya-peshgui-iqtisod-iiao-mmd-avrupo-1066204076.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/24/1029032494_123:0:1563:1080_1920x0_80_0_0_4dd82714c2747484d9a171f41c8434bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, ама, музокирот, ташкили минтақаи озод иқтисодӣ, созишнома, тиҷорат, иқтисод
ииао, ама, музокирот, ташкили минтақаи озод иқтисодӣ, созишнома, тиҷорат, иқтисод
Музокирот дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ байни ИИАО ва АМА ба анҷом расид
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар ояндаи наздик созишнома дар бораи тиҷорати озод имзо хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Музокирот дар бораи таъсиси минтақаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ба анҷом расид.
Дар ин бора вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев дар ҳамоиши байналмилалӣ дар чаҳорчӯби "Ҳафтаи тиҷорати Русия", ки аз ҷониби Иттиҳодияи саноатчиён ва соҳибкорони Русия (РСПП) ташкил шудааст, хабар дод.
Слепнев қайд кард, ки созишнома аллакай омода шудааст ва ҳоло расмиёти дохилии давлатӣ мегузарад.
“Интизор меравад, ки созишнома имсол имзо шавад. Дар мавриди созишнома бо Иморот бошад, мо онро омода дорем, гуфтушунид ба охир расид ва мо, албатта, ният дорем, ки онро имзо кунем”, - қайд кард Слепнев.
Илова бар ин, вазир таваҷҷӯҳи баланди шарикони байналмилалиро ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат таъкид намуд.
"Имрӯз мо созишномаи тиҷорати озодро бо Эрон иҷро карда истодаем, як созишномаи бесобиқа барои Эрон бо баландтарин сатҳи либерализатсия [...] умедворем, ки ин созишнома дар моҳҳои наздик эътибор пайдо мекунад", - афзуд вай.
Оқои Слепнев ҳамчунин аҳамияти ин созишномаро дар заминаи ташаккули долони нақлиётии Шимол-Ҷануб, ки аз рушди ҳамкориҳо дар сатҳи нав гувоҳӣ медиҳад, қайд кард.