Барканории 40 корманди давлатӣ ва ошкори зарари беш аз ним миллион сомонӣ ба давлат

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание счетной палаты Республики Таджикистан
Здание счетной палаты Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Обуна шудан
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2024 дар сохтору идораҳои давлатӣ 192 санҷиши молиявӣ гузаронида, 506,7 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ҷамшед Каримзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аз ҷониби ин ниҳод дар соли гузашта 2024 дар сохтору идораҳои давлатӣ 192 санҷиши молиявӣ гузаронида, 506,7 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор карданд, ки нисбат ба соли 2023-юм беш аз 101 миллион сомонӣ бештар аст.
Ӯ дар нишасти матбуоть гуфт зимни санҷишҳои аудиторӣ дар кадом ниҳодҳо зараррасонии бештар ошкор шудааст.
Зарари молиявӣ дар Вазорати маориф ва сохторҳои он, Агентии захираҳои моддӣ ва сохторҳои он, Вазорати энергетика ва сохторҳои он, Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, Кумитаи дин ва дигар сохтору корхонаҳо окшор шудааст.
Оқои Каримзода таъкид кард, ки дар пайи ошкор шудани қонуншиканиҳои молиявӣ дар ниҳод ва корхонаҳои давлатӣ 382 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 38 кас аз вазифа барканор шудаанд.
Авазджон Назарзода, прокурор Хатлонской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Парванда алайҳи 67 мансабдори Хатлон барои фурӯши замин
Вай аз ҷумла дар бораи барканории 21 корманди “Амонтабонк” гуфт, ки бештари онҳо сармуҳосиб будаанд.
Ҳамчунин, барои тасарруфи маблағ ва изофанависӣ 3 корманди Вазорати маориф ва сохторҳои он, 9 корманди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, 2 корманди Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф, 2 корманди КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва сохторҳои он, як корманди Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар аз вазифа озод шуданд.
Аз ҷумла раиси палатаи ҳисоб қайд кард, ки ба Прокуратураи генералӣ 19 мавод ба маблағи 22 млн сомонӣ, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия 25 мавод ба маблағи 11,8 млн сомонӣ ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 1 мавод ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ирсол гардид.
Ёдовар мешавем, ки Палатаи ҳисоб дар як сол ду маротиба натиҷаҳои санҷишҳои аудиториро эълон мекунад ва хулосаи онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва корхонаву сохторҳои давлатӣ барои ҷораҷӯӣ пешниҳод мекунад.
Лентаи хабарҳо
0