https://sputnik.tj/20250211/rusiya-omoda-maktabho-tojikiston-omuzgor-firistad-1066177838.html
Русия омода аст барои мактабҳои Тоҷикистон омӯзгори бештар фиристад
Русия омода аст барои мактабҳои Тоҷикистон омӯзгори бештар фиристад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Душанбе мегӯяд, ҳамкориҳо дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон аст
2025-02-11T10:46+0500
2025-02-11T10:46+0500
2025-02-11T11:54+0500
дар тоҷикистон
сафир
русия
омӯзгор
забони русӣ
муаллимон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060252385_0:0:2560:1440_1920x0_80_0_0_80f4d72ea8f3cded0e8395f2b6b47c44.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон ҳудуди 100 омӯзгор аз Русия кор мекунанд.Дар ҳамин ҳол, Маскав омода аст шумори онҳоро имсол ду баробар афзоиш диҳад, гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо хабаргузории “ТАСС”.Ба гуфтаи вай, лоиҳаи “Омӯзгорони рус дар хориҷа”, ки аз соли 2017 амалӣ мешавад, ки дар чаҳорчӯби он ҳудуди сад омӯзгори рус дар ҷумҳурӣ кор мекунанд, “муҳимтарин самти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф” мебошад.Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон аст.Сафири Русия қайд кард, ки дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ аҳамияти хос медиҳанд. Ҳамин тариқ, дар мактабҳои олии Русия зиёда аз 33 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар порлумон дастур дод, ки барномаҳои таълими забони русӣ дар муассисаҳои томактабии кишвар бознигарӣ шаванд.Ба ақидаи раисҷумҳур, дар боғчаҳо ба бачагон забони русиро омузондан лозим аст ва ба ин мақсад бояд ихтисоси омӯзгорон баланд бардошта шавад.
https://sputnik.tj/20241220/sanjishhoi-zaboni-rusi-kudakon-muhojir-maktab-roygon-1065596677.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060252385_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_4d5b48d67ac0046abe4c6ccc5b5e6b46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, забони русӣ, сафир, омӯзиш, омӯзгор, фиристондан, семен григорев
тоҷикистон, забони русӣ, сафир, омӯзиш, омӯзгор, фиристондан, семен григорев
Русия омода аст барои мактабҳои Тоҷикистон омӯзгори бештар фиристад
10:46 11.02.2025 (Навсозишуда: 11:54 11.02.2025) Сафири Русия дар Душанбе мегӯяд, ҳамкориҳо дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон ҳудуди 100 омӯзгор аз Русия кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Маскав омода аст шумори онҳоро имсол ду баробар афзоиш диҳад, гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо хабаргузории “ТАСС”.
Ба гуфтаи вай, лоиҳаи “Омӯзгорони рус дар хориҷа”, ки аз соли 2017 амалӣ мешавад, ки дар чаҳорчӯби он ҳудуди сад омӯзгори рус дар ҷумҳурӣ кор мекунанд, “муҳимтарин самти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф” мебошад.
"Бо дарки мушкили наросоии кадрӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, Русия омода аст, то соли 2025 бо ду баробар афзоиш додани теъдоди омӯзгорони фиристодашуда ин самтро тақвият бахшад", - гуфт Григорев.
Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон аст.
Сафири Русия қайд кард, ки дар Тоҷикистон ба таҳсилоти русӣ ва забони русӣ аҳамияти хос медиҳанд. Ҳамин тариқ, дар мактабҳои олии Русия зиёда аз 33 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар порлумон дастур дод, ки барномаҳои таълими забони русӣ дар муассисаҳои томактабии кишвар бознигарӣ шаванд.
Ба ақидаи раисҷумҳур, дар боғчаҳо ба бачагон забони русиро омузондан лозим аст ва ба ин мақсад бояд ихтисоси омӯзгорон баланд бардошта шавад.