https://sputnik.tj/20250210/qismi-asosii-tijorati-khorijii-tojikiston-ba-kishvarhoi-uzvi-iiao-rost-meoyad-1066175407.html
Қисми асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви ИИАО рост меояд
Қисми асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви ИИАО рост меояд
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИИАО тамоюли афзоиш дорад
2025-02-10T17:59+0500
2025-02-10T17:59+0500
2025-02-10T18:39+0500
дар тоҷикистон
ииао
авруосиё
иқтисод
тиҷорат
сафир
семён григорев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065952519_248:600:2823:2048_1920x0_80_0_0_2d52497cf1dd972e08c5aed0e627e55c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Беш аз сеяки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ду соли охир ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рост меояд.Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев дар сӯҳбат бо ТАСС хабар дод.Ба гуфтаи вай, ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои иттиҳодия тамоюли афзоиши устувор дорад.Тибқи иттилои сафорати Русия, бахши аъзами гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 бо кишварҳои узви ИИАО рост меояд.Ин рақам беш аз 2,97 миллиард доллар ё 36% ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишварро ташкил додаааст. Дар соли 2024 мутаносибан ба 3,3 миллиард доллар ё 38,5 фоиз расид."Табодули коло, миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИИАО тамоюли афзоиши бемайлон дорад", - қайд кард Григорев.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин сӯ масъалаи пайвастани ба ИИАО-ро баррасӣ дорад.Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.Сардори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Душанбе барои қабули гирифтани тасмим дар бораи шомил шудан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.Он замон ӯ таъкид карда буд, ки мақомоти кишвар ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ карда, таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзанд.
https://sputnik.tj/20250210/safiri-rusiya-muhojironi-tojik-bozori-kor-rusiya-talabot-1066168057.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065952519_605:506:2661:2048_1920x0_80_0_0_2c3855e711f5e69cee11bf7761ba04ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао, пайваста, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сафир, семен григорев
тоҷикистон, ииао, пайваста, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сафир, семен григорев
Қисми асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви ИИАО рост меояд
17:59 10.02.2025 (Навсозишуда: 18:39 10.02.2025) Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИИАО тамоюли афзоиш дорад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Беш аз сеяки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ду соли охир ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рост меояд.
Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев дар сӯҳбат бо ТАСС хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои иттиҳодия тамоюли афзоиши устувор дорад.
Тибқи иттилои сафорати Русия, бахши аъзами гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 бо кишварҳои узви ИИАО рост меояд.
Ин рақам беш аз 2,97 миллиард доллар ё 36% ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишварро ташкил додаааст. Дар соли 2024 мутаносибан ба 3,3 миллиард доллар ё 38,5 фоиз расид.
"Табодули коло, миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИИАО тамоюли афзоиши бемайлон дорад", - қайд кард Григорев.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин сӯ масъалаи пайвастани ба ИИАО-ро баррасӣ дорад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.
Сардори Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Душанбе барои қабули гирифтани тасмим дар бораи шомил шудан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Он замон ӯ таъкид карда буд, ки мақомоти кишвар ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ карда, таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзанд.