https://sputnik.tj/20250209/zarba-shadid-artish-rusiya-inshoot-gaz-naft-neruho-ukraina-talafot-1066163355.html
Зарбаи шадиди артиши Русия ба иншооти газу нафт ва нерӯҳои Украина: эълони талафот
Зарбаи шадиди артиши Русия ба иншооти газу нафт ва нерӯҳои Украина: эълони талафот
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия амали 24 соати гузаштаи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро дар чаҳорчӯби амалиёти вижаи Русия дар Украина ҷамъбаст кард
2025-02-09T18:22+0500
2025-02-09T18:22+0500
2025-02-09T18:22+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
русия
украина
зарбаи мушакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/65/1031416531_0:0:3201:1802_1920x0_80_0_0_35ee1047ee8da0d7ec4c37e8db53077a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Нерӯҳои Русия як иншооти саноати газу нафтро, ки фаъолияти маҷмааи саноатии ҳарбии Украинаро дастгирӣ мекард, ҳадаф қарор доданд.Вазорати дифои Русия аз натоиҷи кори нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар 24 соати гузашта хабар дод. Инфрасохтори фурудгоҳҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ тахриб шуда, тамаркузи нерӯи корӣ ва техникаи душман дар 147 нуқта нобуд карда шуд. Вазорат афзуд, системаҳои дифоъи ҳавоӣ як системаи мушакии HIMARS-и сохти амрикоиро сарнагун карданд ва 90 бесарнишини навъи ҳавопайморо задаанд.Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти низомӣ 653 ҳавопаймо, 283 чархбол, 42 800 ҳавопаймои бесарнишин, 592 системаи зиддимушакь, 21 268 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 1 514 мошини ҷангии системаҳои мушакӣ, 21463 артиллерияи мобилӣ ва миномиёт, 31420 адад мошинҳои махсуси ҳарбӣ аз байн бурда шудааст.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20250204/generali-ukraini-nametavonand-peshi-rohi-artishi-rusiya-bigirand-1066110897.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/65/1031416531_472:0:3201:2047_1920x0_80_0_0_9ac397fc06b78e63d83a5b00ad1da51f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зарба шадид артиш русия иншоот газ нафт украина
зарба шадид артиш русия иншоот газ нафт украина
Зарбаи шадиди артиши Русия ба иншооти газу нафт ва нерӯҳои Украина: эълони талафот
Вазорати дифои Русия амали 24 соати гузаштаи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро дар чаҳорчӯби амалиёти вижаи Русия дар Украина ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Нерӯҳои Русия як иншооти саноати газу нафтро, ки фаъолияти маҷмааи саноатии ҳарбии Украинаро дастгирӣ мекард, ҳадаф қарор доданд.
Вазорати дифои Русия аз натоиҷи кори нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар 24 соати гузашта хабар дод.
Инфрасохтори фурудгоҳҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ тахриб шуда, тамаркузи нерӯи корӣ ва техникаи душман дар 147 нуқта нобуд карда шуд.
"Нерӯҳои фазоии ҳамлавар, ҳавопаймоҳои бесарнишин, нирӯҳои мушакӣ ва артиллерияи гурӯҳҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия як иншооти саноати газу нафтро, ки кори маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Украинаро дастгирӣ мекард, мавриди ҳамла қарор гирифт",- афзудааст манбаъ.
Вазорат афзуд, системаҳои дифоъи ҳавоӣ як системаи мушакии HIMARS-и сохти амрикоиро сарнагун карданд ва 90 бесарнишини навъи ҳавопайморо задаанд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти низомӣ 653 ҳавопаймо, 283 чархбол, 42 800 ҳавопаймои бесарнишин, 592 системаи зиддимушакь, 21 268 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 1 514 мошини ҷангии системаҳои мушакӣ, 21463 артиллерияи мобилӣ ва миномиёт, 31420 адад мошинҳои махсуси ҳарбӣ аз байн бурда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.