Муштзани шинохтаи тоҷик Шавкат Раҳимов аз ҳарифи амрикоияш шикаст хӯрд

© SputnikТаджикский боксёр Шавкат Рахимов
Таджикский боксёр Шавкат Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2025
Обуна шудан
Ҳамакнун Раҳимови 30-сола дар корномаи варзишияш 17 бурд, як мусовӣ ва 2 бохт дорад. Ӯ дар набарди охиринаш пеш аз муҳлат мағлуб шуд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Шавкатҷон Раҳимов, қаҳрамони собиқи IBF дар вазни сабук имрӯз бо дуввумин шикаст дар корномаи варзишияш рӯ ба рӯ шуд.
Ӯ ин бор аз ҳарифи амрикоияш Ҷастин Полдо шикаст хӯрд.
Ин рақобат дар шаҳри Сан-Антониёи Техас доир шуда, бо усули нокаут даври 8-ум хотима ёфт.
Акнун Раҳимови 30-сола дар корномааш 17 бурд, як мусовӣ ва 2 бохт дошта, Полдо 18 бурд ва 2 бохт дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов охирин қувваозмоии худро моҳи феврали соли 2024 анҷом дода, дар даври 11-ум аз Эдуардо Нуньес аз мексикоӣ шикаст хӯрд.
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2025
Муин Ғафуров дар UFC ҳарифи шикастнадидаи ҷопонияшро мағлуб кард
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Раҳимов нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон мебошад, ки ин унвонро дар вазни нимсабуки дуюм дар риштаи IBF соҳиб гардида буд.
Шавкат Раҳимов 14 августи соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Дар нимаи аввали соли 2010 дар ҳайати дастаи бокси Тоҷикистон ширкат карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолибу ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалии ҳаваскорон буд.
Вай инчунин собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба чемпиони IBF (2019-2021) ва қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF дар вазни нимсабук (2017-2019) мебошад.
Лентаи хабарҳо
0