https://sputnik.tj/20250208/rusiya-shariki-tijorati-tojikiston-1066152163.html
Русия шарики №1 тиҷоратии Тоҷикистон
Русия шарики №1 тиҷоратии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон вазъи тиҷорат миёни Русияву Тоҷикистонро шарҳ дод
2025-02-08T11:36+0500
2025-02-08T11:36+0500
2025-02-08T11:36+0500
дар тоҷикистон
содирот
воридот
тиҷорат
русия
шарикони иқтисодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/15/1060542747_0:160:3073:1889_1920x0_80_0_0_9d5cf869a6e2c6e3686b2740ff4ab400.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Русия солҳо ба ин сӯ шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меояд.Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод, ки бо он вуҷуд ки гардиши мол миёни Тоҷикистон Русия афзойишро нишон медиҳанд, содирот аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст.Вай афзуд, содироти маҳсулоти саноатӣ ба Русия аз Тоҷикистон дар соли гузашта 71,6 (соли 2023 – 46,1) миллион доллар ё 39,2% коҳиш ёфтааст, аммо содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 24,6 (соли 2023 – 17) миллион доллар расид, ки 7,6 миллион доллар ё 44,7% зиёд аст. Дар умум, содироти Тоҷикистон ба Русия 96, 19 (соли 2023 – 134,72) миллион долларро ташкил дод, ки 38,53 миллион доллар ё 29% кам аст.Тибқи иттилои Агентии содирот, гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон дар соли 2024 ба 1 миллиарду 981 миллиону 810,3 (соли 2023 - 1 миллиарду 714 миллиону 999,1) ҳазор доллар баробар шудааст, ки 266 миллиону 811,2 ҳазор доллар ё 15,6% афзойишро нишон медиҳад.Дар ҳамин ҳол, дар соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин ба 1 миллиарду 955 миллиону 991,3 (соли 2023 - 1 миллиарду 503 миллиону 244,9 ҳазор) ҳазор доллар баробар шуд, ки 452 миллиону 746,4 ҳазор доллар ё 30,1% афзойишро нишон медиҳад.Содироти Тоҷикистон ба Чин 410,68 (соли 2023 - 313,83) миллион доллар ё 31% афзудааст. Дар ҳоле ки дар соли 2024 содироти Тоҷикистон ба Шветсария ба 377,10 (соли 2023 - 1 миллиарду 139,70) миллион доллар коҳиш ёфтааст ва 762,60 миллион доллар ё 67% кам аст, Чин соли гузашта аз ҳама зиёд молҳои Тоҷикистонро ворид кардааст.
https://sputnik.tj/20250207/sodiroti-angishti-tojikiston-afghoniston-uzbekiston-1066139931.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/15/1060542747_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_c51d3953d59e17419777032843b4bb6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, тиҷорат, иқтисод, шарки, содирот, воридот
тоҷикистон, русия, тиҷорат, иқтисод, шарки, содирот, воридот
Русия шарики №1 тиҷоратии Тоҷикистон
Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон вазъи тиҷорат миёни Русияву Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Русия солҳо ба ин сӯ шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меояд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод, ки бо он вуҷуд ки гардиши мол миёни Тоҷикистон Русия афзойишро нишон медиҳанд, содирот аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст.
“Асосан коҳиш дар ҳаҷми интиқоли металли сиёҳ, партовҳои мис, ҷӯробҳо, нахи пахта, желатин, маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти саноатӣ омадааст”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Вай афзуд, содироти маҳсулоти саноатӣ ба Русия аз Тоҷикистон дар соли гузашта 71,6 (соли 2023 – 46,1) миллион доллар ё 39,2% коҳиш ёфтааст, аммо содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 24,6 (соли 2023 – 17) миллион доллар расид, ки 7,6 миллион доллар ё 44,7% зиёд аст. Дар умум, содироти Тоҷикистон ба Русия 96, 19 (соли 2023 – 134,72) миллион долларро ташкил дод, ки 38,53 миллион доллар ё 29% кам аст.
Тибқи иттилои Агентии содирот, гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон дар соли 2024 ба 1 миллиарду 981 миллиону 810,3 (соли 2023 - 1 миллиарду 714 миллиону 999,1) ҳазор доллар баробар шудааст, ки 266 миллиону 811,2 ҳазор доллар ё 15,6% афзойишро нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2024 гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин ба 1 миллиарду 955 миллиону 991,3 (соли 2023 - 1 миллиарду 503 миллиону 244,9 ҳазор) ҳазор доллар баробар шуд, ки 452 миллиону 746,4 ҳазор доллар ё 30,1% афзойишро нишон медиҳад.
Содироти Тоҷикистон ба Чин 410,68 (соли 2023 - 313,83) миллион доллар ё 31% афзудааст. Дар ҳоле ки дар соли 2024 содироти Тоҷикистон ба Шветсария ба 377,10 (соли 2023 - 1 миллиарду 139,70) миллион доллар коҳиш ёфтааст ва 762,60 миллион доллар ё 67% кам аст, Чин соли гузашта аз ҳама зиёд молҳои Тоҷикистонро ворид кардааст.