https://sputnik.tj/20250207/sadamahoi-tekhnologi-vazorat-bebarqi-kuchahoi-dushanbe-1066141525.html
Садамаҳои технологӣ: Шарҳи Вазорат аз бебарқӣ дар моҳи декабр дар бархе аз кӯчаҳои Душанбе
Садамаҳои технологӣ: Шарҳи Вазорат аз бебарқӣ дар моҳи декабр дар бархе аз кӯчаҳои Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазорати энергетика дар Зеристгоҳи барқии “Нав”-и Душанбе бино бар сабаби сербории шабака санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024 садамаҳо рух дод
2025-02-07T11:59+0500
2025-02-07T11:59+0500
2025-02-07T12:24+0500
дар тоҷикистон
барқ
вазорати энергетика ва захираҳои об
энергетика
душанбе
бебарқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/07/1066141887_42:0:2472:1367_1920x0_80_0_0_e79d73444b0d14e1f8ec64c19baf8332.png
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ахиран вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қатъ шудани барқ дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024-ро шарҳ дод.Ба иттлои ин вазорат дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и "Нав"-и шаҳри Душанбе, садамаҳои технологӣ ба амал омаданд.Вазорат қайд кардааст, ки Зеристгоҳи дар боло зикршуда яке аз иншоотҳои муҳими барқтаъминкунандаи пойтахт ба ҳисоб меравад.“Бо вуҷуди аҳамияти стратегӣ доштани ин зеристгоҳ, бо сабаби сербории шабака санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024 дар он садамаҳои технологӣ ба амал омаданд, ки боиси қатъ гардидани кори муътадили шабака ва халалдор шудани таъмини барқи сокинони пойтахт гардид”,- қайд кардааст вазорати энергетика.Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади ҳалли мушкилот ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар ва ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" чораҳои фаврӣ андешида шуд.“Дар муддати 14 рӯз дар зеристгоҳ автотрансформатори иқтидораш 125 МВА ва таҷҳизоти ҳимояи релегӣ васлу насб гардид. Ин тадбир имкон дод, ки серборӣ дар автотрансформаторҳои мавҷудаи АТ-1 ва АТ-2 коҳиш ёфта, фаъолияти онҳо ба ҳолати муътадил баргардонида шавад”, - зикр кардааст вазорат.Хабар дода шудааст, ки эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи хизматрасонии зеристгоҳ куллан беҳтар гаштааст.Қайд карда шудааст, ки заҳматҳои мутахассисони ширкати "Шабакаҳои интиқоли барқ" новобаста аз вазъи обу ҳаво имконият фароҳам оварданд, ки аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқи устувор таъмин шуда, сатҳи эътимоднокии кори системаи энергетикӣ баланд бардошта шавад.
https://sputnik.tj/20241220/tojikiston-nizom-muboriza-talafot-neru-barq-jori-1065593102.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/07/1066141887_0:0:1823:1367_1920x0_80_0_0_90402dd9d1a922b8ed10333c807a2fb0.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқ, вазорати энергетика, бебарқӣ, шаҳри душанбе, бебарқӣ, садама, технологӣ
тоҷикистон, барқ, вазорати энергетика, бебарқӣ, шаҳри душанбе, бебарқӣ, садама, технологӣ
Садамаҳои технологӣ: Шарҳи Вазорат аз бебарқӣ дар моҳи декабр дар бархе аз кӯчаҳои Душанбе
11:59 07.02.2025 (Навсозишуда: 12:24 07.02.2025) Ба гуфтаи вазорати энергетика дар Зеристгоҳи барқии “Нав”-и Душанбе бино бар сабаби сербории шабака санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024 садамаҳо рух дод
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ахиран вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қатъ шудани барқ дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024-ро шарҳ дод.
Ба иттлои ин вазорат дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и "Нав"-и шаҳри Душанбе, садамаҳои технологӣ ба амал омаданд.
Вазорат қайд кардааст, ки Зеристгоҳи дар боло зикршуда яке аз иншоотҳои муҳими барқтаъминкунандаи пойтахт ба ҳисоб меравад.
“Бо вуҷуди аҳамияти стратегӣ доштани ин зеристгоҳ, бо сабаби сербории шабака санаҳои 19-ум ва 31-уми декабри соли 2024 дар он садамаҳои технологӣ ба амал омаданд, ки боиси қатъ гардидани кори муътадили шабака ва халалдор шудани таъмини барқи сокинони пойтахт гардид”,- қайд кардааст вазорати энергетика.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади ҳалли мушкилот ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар ва ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" чораҳои фаврӣ андешида шуд.
“Дар муддати 14 рӯз дар зеристгоҳ автотрансформатори иқтидораш 125 МВА ва таҷҳизоти ҳимояи релегӣ васлу насб гардид. Ин тадбир имкон дод, ки серборӣ дар автотрансформаторҳои мавҷудаи АТ-1 ва АТ-2 коҳиш ёфта, фаъолияти онҳо ба ҳолати муътадил баргардонида шавад”, - зикр кардааст вазорат.
Хабар дода шудааст, ки эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи хизматрасонии зеристгоҳ куллан беҳтар гаштааст.
Қайд карда шудааст, ки заҳматҳои мутахассисони ширкати "Шабакаҳои интиқоли барқ" новобаста аз вазъи обу ҳаво имконият фароҳам оварданд, ки аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқи устувор таъмин шуда, сатҳи эътимоднокии кори системаи энергетикӣ баланд бардошта шавад.