https://sputnik.tj/20250207/kishovarzoni-tojik-furush-mahsulot-iiao-foidaovartar-1066144458.html
Кишоварзони тоҷик фурӯши маҳсулотро тавассути ИИАО судмандтар медонанд
Кишоварзони тоҷик фурӯши маҳсулотро тавассути ИИАО судмандтар медонанд
Sputnik Тоҷикистон
Содироти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон соли 2024 ба таври назаррас афзоиш ёфт ва агар ин тиҷорат тавассути ИИАО сурат мегирифт, фоида ду баробар бештар мешуд
2025-02-07T15:39+0500
2025-02-07T15:39+0500
2025-02-07T15:39+0500
дар тоҷикистон
ииао
тиҷорат
содирот
маҳсулот
кишоварзӣ
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922112_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_e422718ae7d99dee42c6c136243dc881.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Оҷонсии содироти Тоҷикистон натоиҷи фаъолияти худро барои соли 2024 ҷамъбаст кард.Ҳамин тариқ, зимни нишасти хабарӣ сардори ин Оҷонсӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода изҳор дошт, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии кишвар дар як соли охир 22% афзоиш ёфтааст."Дар соли 2024 корхонаҳои Тоҷикистон ба истиснои металлҳои қиматбаҳо ба маблағи тақрибан 1,6 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ содирот кардаанд", - гуфт ӯ.Дар бахши кишоварзӣ бошад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 56,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2023 18% зиёдтар будааст.Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сироҷиддинзода, ҳаҷми он метавонад аз 100 миллион доллар бештар бошад, аммо агар содироти коло тавассути ИИАО мешуд судмандтар мебуд."Бисёре аз содироткунандагон ба хотири сарфаи боҷи гумрукӣ тавассути кишварҳои ИИАОмаҳсулоташонро ба хориҷ содирот мекунанд. Дар натиҷа, маҳсулоти Тоҷикистон ҳамчун моли яке аз кишварҳои ИИАО ба фурӯш гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳар сол ба кишварҳои ИДМ бештар маҳсулот содир мекунад, аммо дар ин бора дар худи бозори ИДМ касе хабар надорад – на истеъмолкунанда ва на ҳатто худи харидор.Воқеан ҳам содирот ба Русия ва дигар кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст, аммо мушкил дар он аст, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои мухталиф бо тамғаҳои кишварҳои дигар фурӯхта мешаванд.Колоҳои Тоҷикистон бештар ҳамчун маҳсулоти кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад.
https://sputnik.tj/20240926/khatlon-mahsulot-pokiston-afghoniston-qazoqiston-rusiya-sodirot-1064485019.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922112_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_4eb34afd04eaccfcdc91f23723044449.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао, содирот, тиҷорат, маҳсулот, кишоварзӣ, авруосиё
тоҷикистон, ииао, содирот, тиҷорат, маҳсулот, кишоварзӣ, авруосиё
Кишоварзони тоҷик фурӯши маҳсулотро тавассути ИИАО судмандтар медонанд
Содироти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон соли 2024 ба таври назаррас афзоиш ёфт ва агар ин тиҷорат тавассути ИИАО сурат мегирифт, фоида ду баробар бештар мешуд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Оҷонсии содироти Тоҷикистон натоиҷи фаъолияти худро барои соли 2024 ҷамъбаст кард.
Ҳамин тариқ, зимни нишасти хабарӣ сардори ин Оҷонсӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода изҳор дошт, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатии кишвар дар як соли охир 22% афзоиш ёфтааст.
"Дар соли 2024 корхонаҳои Тоҷикистон ба истиснои металлҳои қиматбаҳо ба маблағи тақрибан 1,6 миллиард доллар маҳсулоти саноатӣ содирот кардаанд", - гуфт ӯ.
Дар бахши кишоварзӣ бошад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 56,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2023 18% зиёдтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сироҷиддинзода, ҳаҷми он метавонад аз 100 миллион доллар бештар бошад, аммо агар содироти коло тавассути ИИАО мешуд судмандтар мебуд.
"Бисёре аз содироткунандагон ба хотири сарфаи боҷи гумрукӣ тавассути кишварҳои ИИАОмаҳсулоташонро ба хориҷ содирот мекунанд. Дар натиҷа, маҳсулоти Тоҷикистон ҳамчун моли яке аз кишварҳои ИИАО ба фурӯш гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳар сол ба кишварҳои ИДМ бештар маҳсулот содир мекунад, аммо дар ин бора дар худи бозори ИДМ касе хабар надорад – на истеъмолкунанда ва на ҳатто худи харидор.
Воқеан ҳам содирот ба Русия ва дигар кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст, аммо мушкил дар он аст, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои мухталиф бо тамғаҳои кишварҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Колоҳои Тоҷикистон бештар ҳамчун маҳсулоти кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад.