Бозори шакар: Ҳинд ба Русия ҷой холӣ мекунад

© Foto / jcompКубики сахара в стеклянной миске на темном полу
Кубики сахара в стеклянной миске на темном полу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон воридоти шакар аз Русияро сол ба сол афзойиш дода, ҳоло ҳудуди нисфи шакари худро аз ин кишвар ворид мекунад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Русия дар гузашта ҳамеша манбаъи асосии воридоти шакари Тоҷикистон буд, ки пас аз Амалиёти вижаи низомӣ дар Украина як муддат мавқеъи худро аз даст дод.
Сафаралӣ Қурбонзода, муовини сардони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, сабаби афзойиши воридот, аз ҷумла Русия ба коҳиши нархи шакар дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст.
“Ин ҳам ба конюктураи бозори ҷаҳонӣ ва аз давлатҳое, ки мо аз онҳо шакар харидорӣ ва вориди бозори худ мекунем, бастагӣ дорад. Ҳар ҷо ки арзон шуд, аз ҳамон ҷо бештар ворид мешавад. Масалан, мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ арзиши миёнаи як тон шакари воридотӣ аз Россия 640 доллар ва аз Белорусия 847 долларро ташкил медиҳад”, - гуфт Сафаралӣ Қурбонзода.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2024 ба ҷумҳурӣ 200,7 ҳазор тон шакар ба маблағи 130,2 миллион доллар бо нархи миёнаи 649 доллар сари як тон ворид шудааст, ки дар қиёс бо соли 2023 ҳам 20 доллар арзонтар ва ҳам 59,2 ҳазор тонна ва ё 41,8 фоиз зиёд аст.
Праздник Сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2024
Таҳлили нархҳо дар Тоҷикистон: газу шакар беш аз 27% ва мевагӣ 33% гарон шуд
Воридоти шакар аз Русия 46,4%, Белорусия 16,6%, Ҳинд 15,1%, Покистон 8,8% ва Қазоқистон 5% - ро ташкил мекунад.
Он чӣ барҷаста ба назар мерасад, ин аст, ки шакари Русия сол ба сол мавқеи шакари Ҳинд дар бозори Тоҷикистонро танг мекунад. Ба гунаи мисол, соли 2022 саҳми Ҳинд дар воридоти шакари Тоҷикистон 83% ва саҳми Русия 5,9% -ро ташкил мекард. Соли 2023 аз Русия 31,4% ва аз Ҳинд 26% шакар ворид шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0