Пизишкиён Раҳмонро ба Эрон даъват кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Эрон дар номаи худ зикр намудааст, ки ин сафар равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишварро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, Пизишкиён ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол намуд ва дар он аз ӯ ва ҳукумати Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.
Дар идома, Пизишкиён Раҳмонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Эрон даъват намуда, изҳор доштааст, ки ин сафар равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишварро боз ҳам таҳким ва густариш медиҳад.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоби кишвардори нави Эрон дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён иштирок дошт.
Ёдовар мешавем, Пизишкиён рӯзи 15 январ бо сафари давлатии ду рӯза ба Тоҷикистон омада буд.
Церемония встречи Президента Исламской Республики Иран Масуда Пезешкиана во Дворце нации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2025
Истиқболи расмии Пизишкиён дар Душанбе: ӯ гуфт омодаи ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо ҳастанд
Дар ин сафар ӯ бо президент, сарвазир, Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадтоир Зокирзода дидору мулоқот намуд ва ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон низ иштирок кард.
Дар поёни ин форум, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронӣ ва кулли соҳибкорону тоҷирони Эронро барои таҷлили Наврӯзи имсола ба Тоҷикистон даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0