Муҳлати оғози кори корхонаи полоиши нафти Данғара бо кӯмаки ширкати “Татнефт” маълум шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЗакладка производства резино-модифицированного битума компании "Татнефть" в Татарстане
Закладка производства резино-модифицированного битума компании Татнефть в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Обуна шудан
Вазорати саноат қайд кард, ки қаблан ба далели гаронии қимати ҷаҳонии хариди нафти хом, ба кор андохтани корхонаи полоиши нафт борҳо ба таъхир афтода буд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ба кор андохтани корхонаи полоиши нафт дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Корхонаи полоиши нафт метавонад соли 2025 дар ҳамкорӣ бо ширкати русии "Татнефт" ва SOCAR-и Озарбойҷон ба фаъолият оғоз кунад.
Тавре раиси Вазорати саноати Тоҷикистон хабар дод, ба далели гаронии қимати харидории нафти хом дар ҷаҳон қаблан ба кор андохтани корхонаи полоиши нафт борҳо ба таъхир афтода буд.
Аммо дар чанд соли ахир Тоҷикистон бо яке аз бузургтарин ширкатҳои нафтии Русия ва ҳамчунин бо концерни нафту гази Озарбойҷон музокироти ҷиддӣ анҷом додааст.
Натиҷаи ин кор метавонад дар соли 2025 ба кор андохтани корхонаи полоиши нафт дар Данғара бошад.
"Шарикони мо - "Татнефт" ва SOCAR ва бархе аз ширкатҳои маҳаллӣ ба таҳияи ин тарҳ таваҷҷуҳ доранд ва умедворам, ки ин корхонаро имсол ба кори худ оғоз хоҳад кард", - шарҳ дод Шералӣ Кабир.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Душанбе хостори коҳиши таруфаи рейлӣ ҳамли бор ба вижа нафт аз Эрон ба Тоҷикистон шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир оғози марҳилаи фаъолияти ин корхона дар назар аст, бояд ҳудуди 100 ҳазор тонна нафтро коркард кунад.
Баъдан якчанд баробар зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот пешбинӣ карда мешавад, ки ин иштироки бозигарони калонро бо пойгоҳи захиравию технологии худ, инчунин имкониятҳои ҷиддии молиявӣ талаб мекунад.
Сохтмони корхонаи полоиши нафт дар Данғараи вилояти Хатлон соли 2014 оғоз шуда, соли 2018 ба анҷом расид. Иқтидори корхона дар як сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафтро ташкил медиҳад, аммо ба сабаби нарасидани ашёи хом ба кор андохтани он ба таъхир гузошта шуда буд.
Дар Тоҷикистон нафт ба миқдори кам истеҳсол мешавад, ки барои таъмини корхонаҳои полоиши нафт нокифоя аст. Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз музокирот бо кишварҳои дигар дар мавриди интиқоли нафти хом барои коркард дар дохили ҷумҳурӣ хабар дода буданд.
Моҳи июл Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон хабар дода буд, ки барои ба кор андохтани корхонаи коркарди нафт маблағ ва мутахассисон ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0