Ҳаҷми савдои хориҷии Суғд аз ним миллиард доллар гузашт: ҳиссаи воридот бештар аст

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Обуна шудан
Русия баъд аз Қазоқистон дувумин мамолики воридоткунандаи моли бештар дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Давоми соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 3,3 млрд доллари амрикоӣ баробар шудаст, ки ин рақам нисбат ба як соли гузашта 18% ё 511,2 млн доллар афзудааст.
Дар ин бора раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод ва гуфт, ки шимоли Тоҷикистон бо 68 мамолик аз ҷумла 11 кишварҳои ИДМ робитаҳои тиҷоратӣ анҷом додааст.

“Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2024 нисбат ба ин давраи соли 2023 бо мамлакатҳои ИДМ 13,4 фоиз ё 234 млн доллар афзудааст” – қайд намуд, Аҳмадзода.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин давра барои савдои хориҷӣ ҳиссаи содироти мол 1,1 млрд доллар ва воридоти мол ба 2,2 млрд доллар баробар будааст.
Таджикские фрукты и овощи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Хатлон аксари маҳсулоташро ба Покистон, Афғонистон Қазоқистон ва Русия содирот кард
Содироти мол асосан ба кишварҳои Чин – 37%, Қазоқистон – 18%, Нидерландия – 11%, Ӯзбекистон – 10, Русия – 5 % ва Эрон – 4% сурат гирифтааст.
Воридоти мол асосан аз мамалкатҳои Қазоқистон – 30%, Русия – 27%, Чин – 14%, Ӯзбекистон – 9% Корея – 5% ва Белорусия – 2% сурат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0