“Дубора эҳё шуданд”: Коҳиши шумори корхонаҳои бозмонда дар Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиПроизводственное предприятие "Афзали Нур" в городе Худжанд
Производственное предприятие Афзали Нур в городе Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2025
Обуна шудан
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 3774 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Тибқи иттилои масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷкистон, дар соли 2024 шумори корхонаҳои ғайри фаъол 74 коргоҳро ташкил дод.
“Дар ин давра шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда 74 корхонаро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 50-то кам шудааст. Аз ҷумла 37 корхона барҳам дода шуд, 1 корхона самти фаъолиятро иваз дод ва 12 корхона ба фаъолият оғоз намуд”, - иттилоъ додааст вазорат.
Қайд карда шудааст, ки аз 74 корхонаи аз фаъолият бозмонда 59,45% (44 корхона) ба корхонаҳое, ки аз соли 2008 то соли 2018 ва 40,55% (30 корхона) аз соли 2019 то соли 2022 рост меояд.
Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соҳаҳои саноатии
зерин ба қайд гирифта шудаанд:
• соҳаи саноати хӯрокворӣ - 16 корхона;
• соҳаи саноати масолеҳи сохтмон - 21 корхона;
• соҳаи саноати сабук ва пилла - 17 корхона;
• соҳаи саноати мошинсозӣ, мудофиа ва химия - 7 корхона;
• соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ - 3 корхона;
• соҳаи саноати ангишт - 6 корхона;
• дигар соҳаҳо, (аз ҷумла табъу нашр) – 4 корхона.
Тибқи маълумотҳои вазорати саноат ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3774 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешина ба миқдори 330 корхона зиёд мебошад.
Производство ковров в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
Дар ин давра, дар қаламрави кишвар 740 корхонаю коргоҳи нав (528 корхонаи саноатӣ) бунёд гардида, дар маҷмуъ 18193 ҷойи кории нав, аз ҷумла дар ВМКБ 43, вилояти Суғд 164 корхона, вилояти Хатлон 89, НТҶ 91 ва шаҳри Душанбе 141 ба истифода дода шудааст.
Аз ҳисоби корхонаҳои нав дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 134,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0