https://sputnik.tj/20250205/sozishnomai-tijorati-ozodi-eron-va-iiao-dar-soli-jori-amal-khohad-kard-1066121507.html
Созишномаи тиҷорати озоди Эрон ва ИИАО дар соли ҷорӣ амал хоҳад кард
Созишномаи тиҷорати озоди Эрон ва ИИАО дар соли ҷорӣ амал хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Русия гуфт, яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкориҳои Эрон ва Русия ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст
2025-02-05T18:01+0500
2025-02-05T18:01+0500
2025-02-05T18:01+0500
эрон
ииао
тиҷорат
авруосиё
иқтисод
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_265:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_65b2863b2e152f4a8a0293ae39d66132.jpg
ДУШАНБЕ, 5фев — Sputnik. Сафири Эрон дар Маскав Қозим Ҷалолӣ ба хабарнигорон гуфт, созишнома миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар бораи минтақаи озоди тиҷорат дар соли 2025 амалӣ хоҳад шуд ва баъд аз он 87% тамоми колоҳо аз андоз озод хоҳанд шуд."Яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкориҳои Эрон ва Русия ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст. Дар соли 2024 дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия як иқдоми бузурге гузошта шуд - дар моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон ба унвони нозир дар Иттиҳодияи АвруОсиё пазируфта шуд", - гуфт вай.Ба гуфтаи дипломат, тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО аз сӯи порлумонҳои ҳамаи кишварҳои узв тасвиб шудааст."Баъди тасвиб ва иҷрои ин созишнома 87% кулли колоҳои тиҷории мо аз пардохти молиёт ва боҷ озод хоҳанд шуд. Ин як қадами бузурге ба пеш дар арсаи тиҷорат хоҳад буд", гуфт оқои Ҷалолӣ.Сафир таъкид кард, ки Эрон ва Русия дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкориҳои хуб доранд."Имсол мо нақшаҳои муайян дорем, ки онҳоро пеш мебарем", - афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20250204/hajmi-istehsoli-mahsulot-kishovarzi-iiao-1066110559.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063358512_1175:0:3906:2048_1920x0_80_0_0_fe8029d3cb390470a0331d23e9f5b5ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, эрон, русипя, ҳамкорӣ, авруосиё, тиҷорат, равобит
ииао, эрон, русипя, ҳамкорӣ, авруосиё, тиҷорат, равобит
Созишномаи тиҷорати озоди Эрон ва ИИАО дар соли ҷорӣ амал хоҳад кард
Сафири Эрон дар Русия гуфт, яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкориҳои Эрон ва Русия ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст
ДУШАНБЕ, 5фев — Sputnik. Сафири Эрон дар Маскав Қозим Ҷалолӣ ба хабарнигорон гуфт, созишнома миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар бораи минтақаи озоди тиҷорат дар соли 2025 амалӣ хоҳад шуд ва баъд аз он 87% тамоми колоҳо аз андоз озод хоҳанд шуд.
"Яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкориҳои Эрон ва Русия ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст. Дар соли 2024 дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия як иқдоми бузурге гузошта шуд - дар моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон ба унвони нозир дар Иттиҳодияи АвруОсиё пазируфта шуд", - гуфт вай.
Ба гуфтаи дипломат, тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО аз сӯи порлумонҳои ҳамаи кишварҳои узв тасвиб шудааст.
"Баъди тасвиб ва иҷрои ин созишнома 87% кулли колоҳои тиҷории мо аз пардохти молиёт ва боҷ озод хоҳанд шуд. Ин як қадами бузурге ба пеш дар арсаи тиҷорат хоҳад буд", гуфт оқои Ҷалолӣ.
Сафир таъкид кард, ки Эрон ва Русия дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкориҳои хуб доранд.
"Имсол мо нақшаҳои муайян дорем, ки онҳоро пеш мебарем", - афзуд ӯ.