https://sputnik.tj/20250204/poygohho-bunyod-kuned-suporishi-rustami-emomali-ba-talko-barqi-tojik-u-vazorati-sanoat-1066106294.html
Пойгоҳҳо бунёд кунед: Супориши Рустами Эмомалӣ ба "ТАЛКО", "Барқи Тоҷик"-у Вазорати саноат
Пойгоҳҳо бунёд кунед: Супориши Рустами Эмомалӣ ба "ТАЛКО", "Барқи Тоҷик"-у Вазорати саноат
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеаи футболӣ мулоқот кард
2025-02-04T15:25+0500
2025-02-04T15:25+0500
2025-02-04T15:25+0500
дар тоҷикистон
ффт
супориш
рустам эмомалӣ
талко
"барқи тоҷик"
вазорати саноъат
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/03/1066096818_153:231:1280:865_1920x0_80_0_0_0ff2ce21e336c3b1a4369db618fb297b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар мулоқот боаҳли ҷомеаи футболӣ Рустам Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ширкати "ТАЛКО" дастур дод, ки чамани варзишгоҳи шаҳри Турсунзодаро пурра ба гибридӣ иваз кунад.Ҳамчунин ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастур дод, ки дар варзишгоҳи КМВА воқеъ дар Душанбе рӯшноӣ ва чамани сунъӣ насб кунанд.Инчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз масъулин хост, ки варзишгоҳи КМВА-и пойтахт бояд пурра азнавсозӣ карда шавад.Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ширкати "Барқи Тоҷик"-ро муваззаф кард, ки дар Ҳисор пойгоҳе барои бошгоҳи футболи "Барқчӣ" бунёд намояд.Қарор аст ин пойгоҳ ҷойгоҳи асосии тамрини бозигарони тими мунтахаби ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон шавад.Рустам Эмомалӣ дар ин ҷаласа таъкид кард, ки бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд.“Аз ин рӯ, дар ВМКБ барои омода кардани футболбозони наврас баҳри бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Академияи футбол сохтан лозим, инчунин дар Бадахшон байни кӯдакону наврасон ва калонсолон баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол зарур аст", – қайд кард раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ.Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дод, ки дар мувофиқа бо ФФТ дар яке аз шаҳру навоҳии ВМКБ Академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд намояд.
https://sputnik.tj/20250103/malum-shud-mavsimi-navi-chempionati-tojikiston-futbol-1065754733.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/03/1066096818_251:173:1242:917_1920x0_80_0_0_0a4a2c23ae5e2524898b544fac931412.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, пойгоҳҳо, футбол, талко, барқи тоҷик, вазорати сановт
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, пойгоҳҳо, футбол, талко, барқи тоҷик, вазорати сановт
Пойгоҳҳо бунёд кунед: Супориши Рустами Эмомалӣ ба "ТАЛКО", "Барқи Тоҷик"-у Вазорати саноат
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеаи футболӣ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар мулоқот боаҳли ҷомеаи футболӣ Рустам Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ширкати "ТАЛКО" дастур дод, ки чамани варзишгоҳи шаҳри Турсунзодаро пурра ба гибридӣ иваз кунад.
Ҳамчунин ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастур дод, ки дар варзишгоҳи КМВА воқеъ дар Душанбе рӯшноӣ ва чамани сунъӣ насб кунанд.
Инчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз масъулин хост, ки варзишгоҳи КМВА-и пойтахт бояд пурра азнавсозӣ карда шавад.
Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ширкати "Барқи Тоҷик"-ро муваззаф кард, ки дар Ҳисор пойгоҳе барои бошгоҳи футболи "Барқчӣ" бунёд намояд.
Қарор аст ин пойгоҳ ҷойгоҳи асосии тамрини бозигарони тими мунтахаби ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон шавад.
Рустам Эмомалӣ дар ин ҷаласа таъкид кард, ки бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд.
“Аз ин рӯ, дар ВМКБ барои омода кардани футболбозони наврас баҳри бошгоҳҳо ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Академияи футбол сохтан лозим, инчунин дар Бадахшон байни кӯдакону наврасон ва калонсолон баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол зарур аст", – қайд кард раиси ФФТ Рустам Эмомалӣ.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дод, ки дар мувофиқа бо ФФТ дар яке аз шаҳру навоҳии ВМКБ Академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд намояд.