https://sputnik.tj/20250203/beshtari-shahrvandoni-tojikiston-bo-jurmi-jinoyoti-mavodi-mukhaddir-dar-rusiya-bozdosht-shudand-1066093932.html
Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ҷиноёти маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд
Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ҷиноёти маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомот аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд
2025-02-03T14:25+0500
2025-02-03T14:25+0500
2025-02-03T14:25+0500
дар тоҷикистон
маводи мухаддир
русия
боздошт
фурӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/36/1013323625_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_d9a21a1a85d651bc77e31fdeb7e1a8ab.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Самад Зафар гуфт, ки дар соли гузашта 829 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир боздошт шудаанд.Ба гуфтаи вай, дар соли пештар, яъне соли 2023, 866 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои содир кардани ин ҷиноятҳо боздошт шуда буданд.“Теъдоди бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир боздошт шуданд дар Русия будааст. Теъдоди шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон 775 нафарро дар Русия ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки соли гузашта дар низ Узбекистон 26 нафар, дар Қазоқистон 26 нафар ва дар Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои мушобеҳ боздошт шудаанд.Самад Зафар гуфт, ки аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон 126 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, дар ҳоле ки дар соли 2023 449 кг маводи мухаддир мусодира шуда буд.Дар худи Тоҷикистон, ба гуфтаи оқои Зафар, соли гузашта 14 шаҳрванди хориҷӣ барои қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд.Ба гуфтаи вай миёни онҳо 6 шаҳрванди Афғонистон, 5 нафар аз Узбекистон, 2 нафар аз Қирғизистон ва 1 нафар шаҳрванди Қазоқистон аст.
https://sputnik.tj/20250203/kohishi-nashamandi-tojikiston-zani-nashamand-kishvar-1066092892.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/36/1013323625_373:0:3000:1970_1920x0_80_0_0_c7210a717e59d2ef98639a9199685d66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нашъамандӣ, маводи мухаддир, боздошт, русия, ҷиноят
тоҷикистон, нашъамандӣ, маводи мухаддир, боздошт, русия, ҷиноят
Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ҷиноёти маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд
Ба гуфтаи мақомот аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Самад Зафар гуфт, ки дар соли гузашта 829 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар соли пештар, яъне соли 2023, 866 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар барои содир кардани ин ҷиноятҳо боздошт шуда буданд.
“Теъдоди бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир боздошт шуданд дар Русия будааст. Теъдоди шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон 775 нафарро дар Русия ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки соли гузашта дар низ Узбекистон 26 нафар, дар Қазоқистон 26 нафар ва дар Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои мушобеҳ боздошт шудаанд.
Самад Зафар гуфт, ки аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон 126 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, дар ҳоле ки дар соли 2023 449 кг маводи мухаддир мусодира шуда буд.
Дар худи Тоҷикистон, ба гуфтаи оқои Зафар, соли гузашта 14 шаҳрванди хориҷӣ барои қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд.
Ба гуфтаи вай миёни онҳо 6 шаҳрванди Афғонистон, 5 нафар аз Узбекистон, 2 нафар аз Қирғизистон ва 1 нафар шаҳрванди Қазоқистон аст.