https://sputnik.tj/20250202/sol-bobaror-razmikoron-muhammad-naimov-ufc-piruz-1066082678.html
Оғози соли бобарор барои размикорон: Муҳаммад Наимов ҳам дар UFC пирӯз шуд
Оғози соли бобарор барои размикорон: Муҳаммад Наимов ҳам дар UFC пирӯз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2025 барои размикорони тоҷик бобарор оғоз шуд, зеро пас аз Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров Муҳаммад Наимов низ пирӯзии чаҳорумашро дар UFC ба даст овард
2025-02-02T12:33+0500
2025-02-02T12:33+0500
2025-02-02T12:43+0500
размикор
дар тоҷикистон
мма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:0:1081:608_1920x0_80_0_0_7462e7f507a6df944b1b0f34fb1eab8c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Муҳаммад Наимов, размикори номовари тоҷик дар муҳорибаи навбатияш дар UFC Fight Night 250 пирӯз шуд.Ҳарифи навбатии ӯ дар вазни то 65,8 кило Каан Офлии австралиягӣ буд.Ин дидор шаби 1 феврал дар шаҳри Риёзи доир шуда, рақобат се давр 15 дақиқа давом кард.Наимов дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.Ин ғалаба барои варзишкори тоҷик 12-ум дар корномааш дар баробари се бохт аст.Муҳаммад Наимов охирин набарди худро дар мусобиқаи UFC моҳи июни соли 2024 доир карда, аз Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.Пас аз пирӯзии ахир дар шарҳи ин мағлубияташ гуфт, ки он замон ин ҳарифро чандон ҷидди нагирифта буд ва омодагии ҷиддӣ надошт. Ӯ таъкид кард, ки агар дигарбора бо бразизӣ вориди ҳашткунҷа шаванд пирӯз хоҳад шуд.Муҳорибаи сеюмашро вай дар Мехико моҳи феврали соли 2024 доир кард, ки дар кутоҳтарин лаҳза варзишкор аз Венесуэла Эрик Силваро шикаст дод.Қабл аз ин, ӯ дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд.Наимов 30 сол дорад ва ҳамакнун аз тоҷикони шинохта дар ин ташкилот аст.Ёдовар мешавем, ки 19 январ дар мусобиқаи UFC 311 варзишгари дигари тоҷик Муин Ғафуров низ дар ин ташкилот дастболо шуда буд.Ӯ рақиби шикастнадидаи ҷопонияш Риня Накамура, ки ҳамзамон қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии озод байни ҷавонон буд, мағлуб кард.Ғафуров низ ҳамакнун дар корномааш 21 ғалаба ва 6 бохт дорад.Дар умум солро бо пирӯзӣ Нурулло Алиев оғоз кард. Размикори 25-сола пас аз танаффуси тӯлонӣ бинобар ҷароҳат шаби 12-уми январ ба майдон баргашт ва Ҷо Солекии амрикоиро мағлуб.Ӯ аввалин варзишкори тоҷик аст, ки ба ин ташкилот шомил шуд ва ҳоло дар корномааш 10 пирӯзӣ бидуни бохт дорад.
https://sputnik.tj/20250119/muin-ghafurov-ufc-harif-joponi-shikast-1065928537.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:0:1081:810_1920x0_80_0_0_f10fafa5b8b73c72e36f2f898e4a983f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сол бобарор размикорон муҳаммад наимов ufc пирӯз
сол бобарор размикорон муҳаммад наимов ufc пирӯз
Оғози соли бобарор барои размикорон: Муҳаммад Наимов ҳам дар UFC пирӯз шуд
12:33 02.02.2025 (Навсозишуда: 12:43 02.02.2025) Соли 2025 барои размикорони тоҷик бобарор оғоз шуд, зеро пас аз Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров Муҳаммад Наимов низ пирӯзии чаҳорумашро дар UFC ба даст овард
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Муҳаммад Наимов, размикори номовари тоҷик дар муҳорибаи навбатияш дар UFC Fight Night 250 пирӯз шуд.
Ҳарифи навбатии ӯ дар вазни то 65,8 кило Каан Офлии австралиягӣ буд.
Ин дидор шаби 1 феврал дар шаҳри Риёзи доир шуда, рақобат се давр 15 дақиқа давом кард.
Наимов дар ҳар се давр нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.
Ин ғалаба барои варзишкори тоҷик 12-ум дар корномааш дар баробари се бохт аст.
Муҳаммад Наимов охирин набарди худро дар мусобиқаи UFC моҳи июни соли 2024 доир карда, аз Фелипе Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.
Пас аз пирӯзии ахир дар шарҳи ин мағлубияташ гуфт, ки он замон ин ҳарифро чандон ҷидди нагирифта буд ва омодагии ҷиддӣ надошт. Ӯ таъкид кард, ки агар дигарбора бо бразизӣ вориди ҳашткунҷа шаванд пирӯз хоҳад шуд.
Муҳорибаи сеюмашро вай дар Мехико моҳи феврали соли 2024 доир кард, ки дар кутоҳтарин лаҳза варзишкор аз Венесуэла Эрик Силваро шикаст дод.
Қабл аз ин, ӯ дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар размикори бритониёӣ Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.
Дар рақобати аввалинаш дар созмон Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия дастболо шуда буд.
Наимов 30 сол дорад ва ҳамакнун аз тоҷикони шинохта дар ин ташкилот аст.
Ёдовар мешавем, ки 19 январ дар мусобиқаи UFC 311 варзишгари дигари тоҷик Муин Ғафуров низ дар ин ташкилот дастболо шуда буд.
Ӯ рақиби шикастнадидаи ҷопонияш Риня Накамура, ки ҳамзамон қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии озод байни ҷавонон буд, мағлуб кард.
Ғафуров низ ҳамакнун дар корномааш 21 ғалаба ва 6 бохт дорад.
Дар умум солро бо пирӯзӣ Нурулло Алиев оғоз кард. Размикори 25-сола пас аз танаффуси тӯлонӣ бинобар ҷароҳат шаби 12-уми январ ба майдон баргашт ва Ҷо Солекии амрикоиро мағлуб.
Ӯ аввалин варзишкори тоҷик аст, ки ба ин ташкилот шомил шуд ва ҳоло дар корномааш 10 пирӯзӣ бидуни бохт дорад.