https://sputnik.tj/20250202/nizomi-tekhnika-elon-talafot-mohona-ukraina-amaliyot-vizha-1066083782.html
Аз низомӣ то техника: Эълони талафоти моҳонаи артиши Украина дар амалиёти вижа
Аз низомӣ то техника: Эълони талафоти моҳонаи артиши Украина дар амалиёти вижа
Sputnik Тоҷикистон
Талафоти нерӯҳои украинӣ давоми як моҳи гузашта танҳо дар самти Курск ба 10 110 нафар низомӣ ва теъдоди зиёди техникаву таҷҳизот расидааст
2025-02-02T14:55+0500
2025-02-02T14:55+0500
2025-02-02T14:55+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
амалиёти вижа
талафот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1d/1066037363_0:69:3072:1797_1920x0_80_0_0_e5c333f7526545bf6d4d6fb5d4c4a82e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар моҳи январ дастикам 44 520 низомии худро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ талаф додааст. Дар ин бора РИА "Новости" бар асоси ҳисоби маълумоти Вазорати дифои Русия давоми моҳ хабар додааст.Дар ҳамин давра ҷангҷӯёни украинӣ 64 танк, аз ҷумла 9 тонки "Леопард" ва ҳавопаймоҳои Су-27 ва МиГ-29-ро аз даст доданд. Дар миёни таҷҳизоти харобшудае, ки кишварҳои НАТО ба Украина интиқол додаанд, ҳамчунин панҷ мошини ҷангии пиёдагарди сохти амрикоии Bradley, як мошини ҷангии системаи мушакии Striga-и Чехия, мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии Iveco-и толиёвӣ, як мошини зиреҳпӯши лаҳистонии Rosomak, як мошини зиреҳпӯши туркӣ Cobra II, системаи оташандозии чандгонаи хорватии RAK-SA-12 ва БТР Pasi-и финӣ ҳастанд.Гуфта мешавад, ки талафоти нерӯҳои украинӣ дар самти Курск моҳи гузашта ба 10 110 нафар низомӣ расида, ҳамзамон теъдоди зиёди техникаи пешрафтаи ғарбиро аз даст додаандДар охири моҳи январ ниҳоди низомӣ гуфт, ки дар шаш моҳи охир талафоти захмиён ва ҷуброннопазири нерӯи кории Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пайваста тақрибан 50 ҳазор нафар ва бештар аз ононро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ӯ, онҳо дар моҳи январ 51960 нафар, дар моҳи декабри соли 2024-48470, дар моҳи ноябр 60805 нафарро ташкил додаанд.Вазорат тавзеҳ додааст, ки ҳудуди сад ҳазор сарбози украинӣ бидуни иҷоза воҳидҳои низомии худро тарк карда, ба фирор рӯ овардаанд. Дар ҳамин ҳол, шумораи даъватшудагон дар марказҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ҳатто бо назардошти "фаъол шудани" марказҳои даъвати ҳудудӣ (комиссияҳои ҳарбӣ) дар саросари Украина, дар як моҳ ба 30 ҳазор нафар мерасад. Вазорати дифои Русия афзуд, ки онҳо тақрибан шаш моҳ бидуни омодагии мувофиқ ба хатти ҷангӣ фиристода мешаванд, ки ин боиси коҳиши шумори нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.
https://sputnik.tj/20250127/putin-artishi-rusiya-amniyati-rusiya-difo-1066020729.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1d/1066037363_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_f0e0c9d91be60ff44be29ff530c7f76a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
низомӣ техника эълони талафот моҳона артиш украина амалиёт вижа
низомӣ техника эълони талафот моҳона артиш украина амалиёт вижа
Аз низомӣ то техника: Эълони талафоти моҳонаи артиши Украина дар амалиёти вижа
Талафоти нерӯҳои украинӣ давоми як моҳи гузашта танҳо дар самти Курск ба 10 110 нафар низомӣ ва теъдоди зиёди техникаву таҷҳизот расидааст
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар моҳи январ дастикам 44 520 низомии худро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ талаф додааст.
Дар ин бора РИА "Новости" бар асоси ҳисоби маълумоти Вазорати дифои Русия давоми моҳ хабар додааст.
Дар ҳамин давра ҷангҷӯёни украинӣ 64 танк, аз ҷумла 9 тонки "Леопард" ва ҳавопаймоҳои Су-27 ва МиГ-29-ро аз даст доданд.
Дар миёни таҷҳизоти харобшудае, ки кишварҳои НАТО ба Украина интиқол додаанд, ҳамчунин панҷ мошини ҷангии пиёдагарди сохти амрикоии Bradley, як мошини ҷангии системаи мушакии Striga-и Чехия, мошинҳои зиреҳпӯши ҷангии Iveco-и толиёвӣ, як мошини зиреҳпӯши лаҳистонии Rosomak, як мошини зиреҳпӯши туркӣ Cobra II, системаи оташандозии чандгонаи хорватии RAK-SA-12 ва БТР Pasi-и финӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки талафоти нерӯҳои украинӣ дар самти Курск моҳи гузашта ба 10 110 нафар низомӣ расида, ҳамзамон теъдоди зиёди техникаи пешрафтаи ғарбиро аз даст додаанд
Дар охири моҳи январ ниҳоди низомӣ гуфт, ки дар шаш моҳи охир талафоти захмиён ва ҷуброннопазири нерӯи кории Қувваҳои Мусаллаҳи Украина пайваста тақрибан 50 ҳазор нафар ва бештар аз ононро ташкил додааст.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ӯ, онҳо дар моҳи январ 51960 нафар, дар моҳи декабри соли 2024-48470, дар моҳи ноябр 60805 нафарро ташкил додаанд.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки ҳудуди сад ҳазор сарбози украинӣ бидуни иҷоза воҳидҳои низомии худро тарк карда, ба фирор рӯ овардаанд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи даъватшудагон дар марказҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ҳатто бо назардошти "фаъол шудани" марказҳои даъвати ҳудудӣ (комиссияҳои ҳарбӣ) дар саросари Украина, дар як моҳ ба 30 ҳазор нафар мерасад.
Вазорати дифои Русия афзуд, ки онҳо тақрибан шаш моҳ бидуни омодагии мувофиқ ба хатти ҷангӣ фиристода мешаванд, ки ин боиси коҳиши шумори нерӯҳои мусаллаҳи Украина мешавад.