Наздики 16%-и мансабҳои давлатӣ дар Тоҷикистон холӣ будаанд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2025
Обуна шудан
Ҳоло дар Тоҷикистон 1,7 ҳазор курсии роҳбарикунанда дар дасти ҷавонони то 35–сола буда, сафи онҳо дар соли 2024 120 нафар афзоиш ёфтаст
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикисатрн ба ҳолати 1 январи соли 2025 наздики 16%-и мансабҳои давлатӣ дар холӣ будаанд.
Дар ин бора Агентии хизмати давлатии ҷумҳурӣ дар пайи як таҳлили солона гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии воҳидҳои корӣ 22377 ададро ташкил дода, аз он он 18801 ҷой банд ва 3576 курсии дигар холӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, панҷяки роҳбарони давлатӣ дар Тоҷикистон занон буда, онҳо дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмўъ 4849 нафар ё 25,8%ро ташкил медиҳанд,
Тибқи иттилои ин ниҳод, раисони ҷавон ва ё то 35-сола дар мақомоти давлатии Тоҷикистон камтар аз 29%-и шумораи умумӣ аст.
Президент Эмомали Рахмон провел кадровые назначения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Идомаи тағйиротҳои кадрӣ: Раҳмон дар Прокуратура ва вазорати дифоъ кадрҳои нав таъйин кард
Теъдоди ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ наздики 9,4 ҳазор нафар ё қариби 50%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 567 нафар зиёд мебошад.
Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35–сола беш аз 1,7 ҳазор нафарро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 120 нафар афзоиш ёфтаст, иттилоъ дод Агентии хизмати давлатӣ.
Ин ниҳод мегӯяд, ки соли 2024 барои ишғоли 11115 (соли 2023-8376) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон карда, барои ишғоли 4737 мансаби холӣ бо иштироки 6383 нафар довталаб озмун гузаронидааст.
Дар натиҷа ба 4173 нафар, аз он зан 1155 нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия додааст.
Лентаи хабарҳо
0