Вазорати дифои Русия: Талафоти артиши Украина дар вилояти Курск бештар аз 56 ҳазор аст

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий батальонной тактической группы (БТГР) "Каштана" спецназа "Ахмат" возле подбитого бронеавтомобиля "Казак" в хуторе Бердин в Большесолдатском районе Курской области.
Военнослужащий батальонной тактической группы (БТГР) Каштана спецназа Ахмат возле подбитого бронеавтомобиля Казак в хуторе Бердин в Большесолдатском районе Курской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2025
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дод, ки шабонарӯзи ахир дар вилояти Курск 240 сарбози украинӣ маҳв шуданд
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки воҳидҳои артиши Русия дар минтақаи марзии Курск дар як рӯз беш аз 240 ҷангҷӯи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Илова бар ин, ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, нафарбари зиреҳпӯш, чаҳор худрави зиреҳпӯши размӣ, 4 тӯпхона ва нӯҳ хумпораандозро нобуд карданд.
"Дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 240 сарбоз, ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, нафарбари зиреҳпӯш, чаҳор худрави зиреҳпӯши размӣ, 4 тӯпхона ва нӯҳ хумпораандоз, 14 худров, ду стансия муборизаи радиоэлектроникӣ ва анбори тиру аслиҳа талаф диданд", - гуфт Вазорати дифои Русия.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Амалиёти вижаи низомӣ дар самти Курск беш аз 56 140 хизматчии ҳарбӣ, 325 танк, 241 мошини ҷангии пиёда, 1653 мошини зиреҳпӯш, 1707 автомашина, 396 адад тӯпхона талаф дод.
Стрельба снарядами Краснополь из гаубицы 2А65 Мста-Б. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2025
Артиши Руси боз як рустои дигарро дар Донетск озод кард
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0