https://sputnik.tj/20250130/sathi-tavarumro-dar-kishvarhoi-iiao-tahlil-shud--1066061561.html
Сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил шуд
Сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷониби комиссияи иқтисодии АвруОсиё сатҳи таварруми солона дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таҳлил карда шуд
2025-01-30T19:01+0500
2025-01-30T19:01+0500
2025-01-30T19:01+0500
ииао
авруосиё
таваррум
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/05/1065765674_0:96:1024:672_1920x0_80_0_0_94ce41003c1cb6bd33b66384081f8d68.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба соли пешин ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Болоравии андаки таваррум тақрибан дар тамоми кишварҳои узв ба қайд гирифта шудааст.Табқи иттилои Комиссияи иқтисодии Авруосиё таваррум дар кишварҳои узв чунин будааст.Дар охири моҳи декабр сатҳи таваррум солона чунин буд:Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар сохтори нархҳои истеъмолӣ коҳиши таваррум дар маҳсулоти хӯрокворӣ дар Беларус ва Қазоқистон, маҳсулоти ғайриозуқа дар Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва хизматрасонӣ дар Арманистон, Беларус ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.Чанде пеш ин Комиссия хабар дода буд, ки дар шароити болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва таҷдиди занҷирҳои таъминоти логистикӣ давлатҳои “панҷгона”-и АвруОсиё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии таваррум чораҳо андешиданд.Барои ба эътидол овардани нархҳои истеъмолӣ, Бонкҳои танзимгар меъёри бозӣамвилро дар солҳои охир дар сатҳи баланд нигоҳ доштанд.Дар аксари кишварҳои иттиҳод мақомоти ваколатдор барои муваккатан танзими нархҳо барои бархе молҳои муҳими иҷтимоӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе навъҳои мол, пур кардани бозори дохилӣ, назорати фоидаи тиҷоратӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва имтиёзҳои андозӣ, инчунин ҷубронпулӣ ба истехсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо андешиданд.Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳо дар кишварҳои ИИАО, мӯътадилшавии таваррум ва афзоиши устувории нархҳо мушоҳида шуд.
https://sputnik.tj/20250129/ovrerchuk-uzviyati-armaniston-ittihodiyai-avru-iiao-1066046109.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/05/1065765674_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_5198d72c5ff3f545c9d8f2d0a2235b17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, иқтисод, таваррум, таҳлил
ииао, авруосиё, иқтисод, таваррум, таҳлил
Сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил шуд
Аз ҷониби комиссияи иқтисодии АвруОсиё сатҳи таварруми солона дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таҳлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба соли пешин ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Болоравии андаки таваррум тақрибан дар тамоми кишварҳои узв ба қайд гирифта шудааст.
Табқи иттилои Комиссияи иқтисодии Авруосиё таваррум дар кишварҳои узв чунин будааст.
Дар охири моҳи декабр сатҳи таваррум солона чунин буд:
Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар сохтори нархҳои истеъмолӣ коҳиши таваррум дар маҳсулоти хӯрокворӣ дар Беларус ва Қазоқистон, маҳсулоти ғайриозуқа дар Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва хизматрасонӣ дар Арманистон, Беларус ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.
Чанде пеш ин Комиссия хабар дода буд, ки дар шароити болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва таҷдиди занҷирҳои таъминоти логистикӣ давлатҳои “панҷгона”-и АвруОсиё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии таваррум чораҳо андешиданд.
Барои ба эътидол овардани нархҳои истеъмолӣ, Бонкҳои танзимгар меъёри бозӣамвилро дар солҳои охир дар сатҳи баланд нигоҳ доштанд.
Дар аксари кишварҳои иттиҳод мақомоти ваколатдор барои муваккатан танзими нархҳо барои бархе молҳои муҳими иҷтимоӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе навъҳои мол, пур кардани бозори дохилӣ, назорати фоидаи тиҷоратӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва имтиёзҳои андозӣ, инчунин ҷубронпулӣ ба истехсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо андешиданд.
Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳо дар кишварҳои ИИАО, мӯътадилшавии таваррум ва афзоиши устувории нархҳо мушоҳида шуд.