https://sputnik.tj/20250129/muloqot-tojikistonu-rusiya-maskav-1066039096.html
Аз сохтмони Марказ то санҷиши фарзандони муҳоҷирон: Мулоқоти Тоҷикистону Русия дар Маскав
Аз сохтмони Марказ то санҷиши фарзандони муҳоҷирон: Мулоқоти Тоҷикистону Русия дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар Маскав чандин масоили мубрам дар соҳаи маориф ва муҳоҷиратро баррасӣ карданд
2025-01-29T11:59+0500
2025-01-29T11:59+0500
2025-01-29T12:14+0500
дар тоҷикистон
русия
маскав
мулоқот
маориф
муҳоҷират
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1d/1066039443_0:267:2560:1707_1920x0_80_0_0_645165b58f5e9f2f8055cde03e691e41.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ дар Русия қарор доранд.Тавре сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, бонувони мансабдори кишвар ахиран бо муовини вазири маорифи Русия Корнеев Андрей дидору гуфтугӯ карданд.Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати меҳнат, иштирок намуданд.Хабар дода шудааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо мавзӯи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илму маориф, инчунин оид ба сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро матраҳ намуданд.Инчунин тарафҳо рафти фаъолияти панҷ мактаби муштараки таҳсилоти умумии Тоҷикистону Русия, мутобиқ кардан ва расондани китобҳои дарсии забони русӣ, санҷиши ҳатмии донистани забони русии фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми қабули онҳо ба мактабҳои Русия ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай, омӯзиши фанни таърих дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.Зикр гардидааст, ки дар мулоқот дар бораи ҳалли мушкилоти масъалаи фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои қабул гардидан ба мактабҳои миёнаи Русия дучор мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин дидор тарафҳо масъалаи ташкили сафари кории Вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Қайд карда шудааст, ки зимни суҳбат тарафҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.
https://sputnik.tj/20250127/tojikiston-farhangashro-rusiya-namoish-medihad-1066018778.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1d/1066039443_170:0:2446:1707_1920x0_80_0_0_d53d922b29a8d15d3a1b34ad513b95be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, мулоқот, маориф, муҳоҷират, маскав
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, мулоқот, маориф, муҳоҷират, маскав
Аз сохтмони Марказ то санҷиши фарзандони муҳоҷирон: Мулоқоти Тоҷикистону Русия дар Маскав
11:59 29.01.2025 (Навсозишуда: 12:14 29.01.2025) Мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар Маскав чандин масоили мубрам дар соҳаи маориф ва муҳоҷиратро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ дар Русия қарор доранд.
Тавре сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, бонувони мансабдори кишвар ахиран бо муовини вазири маорифи Русия Корнеев Андрей дидору гуфтугӯ карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати меҳнат, иштирок намуданд.
Хабар дода шудааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо мавзӯи густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илму маориф, инчунин оид ба сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро матраҳ намуданд.
Инчунин тарафҳо рафти фаъолияти панҷ мактаби муштараки таҳсилоти умумии Тоҷикистону Русия, мутобиқ кардан ва расондани китобҳои дарсии забони русӣ, санҷиши ҳатмии донистани забони русии фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми қабули онҳо ба мактабҳои Русия ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай, омӯзиши фанни таърих дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқот дар бораи ҳалли мушкилоти масъалаи фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои қабул гардидан ба мактабҳои миёнаи Русия дучор мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин дидор тарафҳо масъалаи ташкили сафари кории Вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки зимни суҳбат тарафҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.