https://sputnik.tj/20250129/azim-ibrohim-oghozi-bunyodi-metro-dushanbe-1066041820.html
Азим Иброҳим: "Cухан дар бораи оғози бунёди метро дар Душанбе ҳанӯз барвақт аст"
Азим Иброҳим: "Cухан дар бораи оғози бунёди метро дар Душанбе ҳанӯз барвақт аст"
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло танҳо масъалаи зарур будани сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад
2025-01-29T15:29+0500
2025-01-29T15:29+0500
2025-01-29T19:34+0500
дар тоҷикистон
метро
душанбе
нақлиёт
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065190076_478:50:3057:1501_1920x0_80_0_0_6ce87c48f5cd07697c7aa88d0a150fa7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Азими Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гузоришҳоро дар мавриди оғози бунёди метро дар шаҳри Душанбе нодуруст хонд.Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст."Вақте ки ҳоло таҳлили техникию иқтисодӣ надорем, чӣ гуна метавонем дар бораи муҳлати сохтмон сухан ронем? – гуфт Азим Иброҳим.Азими Иброҳим гуфт, дар ҳақиқат, давлат ҳадафи бунёди метроро дар Душанбе дорад, вале ҳанӯз кор дар сатҳи марҳилаи омӯзишӣ аст.“Моҳи март-апрели имсол корҳои имконсанҷии фанниву иқтисодӣ тамом мешавад. Ин маълум мекунад, ки имконияти сохтан ҳаст ё не. Баъди ин асосноккунии фанниву иқтисодӣ оғоз мешавад, сохтмон не. Сохтмони чунин иншоот осон нест, бояд ҳаматарафа, ҳама паҳлӯҳоро омӯхта, баъд кор сар шавад."Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.Қаблан, Вазорати нақлиёт хабар дода буд, ки сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ шурӯъ мегардад. Баъдан онро иваз кард ва навиш, ки “корҳои омодагӣ ба сохтмони метро дар Душанбе тобистони соли равон оғоз мешавад”.Тоҷикистон зарурати сохтмони метроро ба афзоиши аҳолии Душанбе ва меҳмонони он марбут дониста, онро яке аз чораҳои пешгиранда аз роҳбандон ё танбашавӣ дар кӯчаҳои пойтахт медонад.Бо ин ҳадаф соли 2022 бо ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум дар мавриди омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар Душанбе имзо кардааст.
https://sputnik.tj/20250106/maqomoti-tojikiston-sokhtmoni-metro-dushanbe-oghoz-1065773151.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065190076_535:72:3057:1963_1920x0_80_0_0_4b540dcd06506c886fa8c25e5c3a075d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, вазорат, метро, сохтмон, душанбе, азим иброҳим
тоҷикистон, нақлиёт, вазорат, метро, сохтмон, душанбе, азим иброҳим
Азим Иброҳим: "Cухан дар бораи оғози бунёди метро дар Душанбе ҳанӯз барвақт аст"
15:29 29.01.2025 (Навсозишуда: 19:34 29.01.2025) Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло танҳо масъалаи зарур будани сохтмони метро дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Азими Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гузоришҳоро дар мавриди оғози бунёди метро дар шаҳри Душанбе нодуруст хонд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
"Вақте ки ҳоло таҳлили техникию иқтисодӣ надорем, чӣ гуна метавонем дар бораи муҳлати сохтмон сухан ронем? – гуфт Азим Иброҳим.
Азими Иброҳим гуфт, дар ҳақиқат, давлат ҳадафи бунёди метроро дар Душанбе дорад, вале ҳанӯз кор дар сатҳи марҳилаи омӯзишӣ аст.
“Моҳи март-апрели имсол корҳои имконсанҷии фанниву иқтисодӣ тамом мешавад. Ин маълум мекунад, ки имконияти сохтан ҳаст ё не. Баъди ин асосноккунии фанниву иқтисодӣ оғоз мешавад, сохтмон не. Сохтмони чунин иншоот осон нест, бояд ҳаматарафа, ҳама паҳлӯҳоро омӯхта, баъд кор сар шавад."
Ба гуфтаи вазир, дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.
Қаблан, Вазорати нақлиёт хабар дода буд, ки сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ шурӯъ мегардад. Баъдан онро иваз кард ва навиш, ки “корҳои омодагӣ ба сохтмони метро дар Душанбе тобистони соли равон оғоз мешавад”.
Тоҷикистон зарурати сохтмони метроро ба афзоиши аҳолии Душанбе ва меҳмонони он марбут дониста, онро яке аз чораҳои пешгиранда аз роҳбандон ё танбашавӣ дар кӯчаҳои пойтахт медонад.
Бо ин ҳадаф соли 2022 бо ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум дар мавриди омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар Душанбе имзо кардааст.