https://sputnik.tj/20250126/vazir-isroil-tahiya-tarh-kuchonidan-sokinon-navor-ghazza-1066010338.html
Вазири исроилӣ аз таҳияи тарҳи кӯчонидани сокинони навори Ғазза хабар дод
Вазири исроилӣ аз таҳияи тарҳи кӯчонидани сокинони навори Ғазза хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Исроил гуфтааст, ки бо сарвазир ва кобинаи вазирон барои таҳияи нақшаи амалиётӣ, ва роҳандозии он зиёд талош хоҳад кард
2025-01-26T16:29+0500
2025-01-26T16:29+0500
2025-01-26T16:29+0500
навори ғазза
исроил
ҳамос
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065932947_0:256:2730:1792_1920x0_80_0_0_728ceaf8231005f5839353a74f0c08a6.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Исроил ба андешаи тахлияи сокинони навори Ғазза ба дигар ҷой афтодаанд.Вазири молияи Исроил Безалел Смотрич дар ин бора дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X навишта, гуфтааст, ки ният дорад ба таҳияи нақшаи кӯчонидани сокинони навори Ғазза шурӯъ кунад. "Пас аз 76 сол, ки аксарияти аҳолии Ғазза бо зӯрӣ дар шароити сангин нигоҳ дошта мешуданд ва ба нобуд кардани давлати Исроил содиқ буданд, идеяи кӯмак ба онҳо дар пайдо кардани ҷойҳои дигар барои оғози ҳаёти нави хуб як андешаи олӣ аст",- навиштааст Смотрис дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X.Ӯ гуфтааст, ки бо сарвазир ва кобинаи вазирон барои таҳияи нақшаи амалиётӣ, ки имкон медиҳад, ки ин ҳарчӣ зудтар амалӣ карда шавад, зиёд талош хоҳад кард.Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз имкони кӯчонидани паноҳандагон аз навори Ғазза дар як қатор кишварҳои арабӣ, ҳам муваққатӣ ва ҳам дар дарозмуддат хабар дода буд. Ба гуфтаи Трамп, ӯ аллакай дар ин мавзӯъ бо Абдуллоҳи 2-и, подшоҳи Урдун сӯҳбат кардааст ва ният дорад, ки ин мавзӯъро бо раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси низ матраҳ кунад.Шабакаи телевизионии амрикоии NBC News бо такя ба як мақоми имфшонашуда ахиран гузориш дода буд, ки маъмурияти Трамп ҳамчунон бо суоли барқарории Ғазза ва ҳамчунин дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 миллион фаластиниро ба куҷо кӯч додан мумкин аст, рӯбарӯ аст. Яке аз ҷойҳое, ки сокинони навори Ғаззаро интиқол медиҳанд, ба гуфтаи ин шабакаи телевизионӣ, шояд Индонезия бошад. Дар посух ба ин вазорати хориҷаи Индонезия изҳор дошт, ки Ҷакарта аз чунин нақшаҳо огоҳ нест. Бар асоси тавофуқ дар бораи оташбас дар навори Ғазза миёни Исроил ва ҷунбиши Фаластинии Ҳамос, ки бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Омрико, пас аз иҷрои марҳилаи дуввуми табодули озодии гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластинӣ, фаластиниҳо бояд аз ҷануби навори Ғазза, ки дар натиҷаи амалиёти ҷанг маҷбур ба тарк шуда буданд, ба шимол баргарданд. Марҳилаи дуввум рӯзи шанбе сурат гирифт, ки се сарбози исроилӣ аз навори Ғазза раҳо шуданд. Як зани дигар раҳо нашуд, аммо Ҳамос ба миёнаравҳо далелҳои зинда будани ӯро пешниҳод кард ва ваъда дод, ки дар даври баъдӣ ӯро раҳо мекунад.Дар ҳамин ҳол Ҳамос Исроилро дар нақзи оташбас муттаҳам кард. Исроил бо ҷилавгирӣ аз бозгашти фаластиниҳо ба шимоли Ғазза созишро нақз мекунад, эълон дошт Ҳамос.
https://sputnik.tj/20250116/hamos-isroil-sozishnoma-otashbas-imzo-shartho-1065887360.html
навори ғазза
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065932947_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_3e4c26df65249cf1168d2dc33942be58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир исроилӣ таҳияи тарҳ кӯчонидан сокинон ғазза
вазир исроилӣ таҳияи тарҳ кӯчонидан сокинон ғазза
Вазири исроилӣ аз таҳияи тарҳи кӯчонидани сокинони навори Ғазза хабар дод
Вазири молияи Исроил гуфтааст, ки бо сарвазир ва кобинаи вазирон барои таҳияи нақшаи амалиётӣ, ва роҳандозии он зиёд талош хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Исроил ба андешаи тахлияи сокинони навори Ғазза ба дигар ҷой афтодаанд.
Вазири молияи Исроил Безалел Смотрич дар ин бора дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X навишта, гуфтааст, ки ният дорад ба таҳияи нақшаи кӯчонидани сокинони навори Ғазза шурӯъ кунад.
"Пас аз 76 сол, ки аксарияти аҳолии Ғазза бо зӯрӣ дар шароити сангин нигоҳ дошта мешуданд ва ба нобуд кардани давлати Исроил содиқ буданд, идеяи кӯмак ба онҳо дар пайдо кардани ҷойҳои дигар барои оғози ҳаёти нави хуб як андешаи олӣ аст",- навиштааст Смотрис дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X.
Ӯ гуфтааст, ки бо сарвазир ва кобинаи вазирон барои таҳияи нақшаи амалиётӣ, ки имкон медиҳад, ки ин ҳарчӣ зудтар амалӣ карда шавад, зиёд талош хоҳад кард.
Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз имкони кӯчонидани паноҳандагон аз навори Ғазза дар як қатор кишварҳои арабӣ, ҳам муваққатӣ ва ҳам дар дарозмуддат хабар дода буд.
Ба гуфтаи Трамп, ӯ аллакай дар ин мавзӯъ бо Абдуллоҳи 2-и, подшоҳи Урдун сӯҳбат кардааст ва ният дорад, ки ин мавзӯъро бо раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ ас-Сиси низ матраҳ кунад.
Шабакаи телевизионии амрикоии NBC News бо такя ба як мақоми имфшонашуда ахиран гузориш дода буд, ки маъмурияти Трамп ҳамчунон бо суоли барқарории Ғазза ва ҳамчунин дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 миллион фаластиниро ба куҷо кӯч додан мумкин аст, рӯбарӯ аст.
Яке аз ҷойҳое, ки сокинони навори Ғаззаро интиқол медиҳанд, ба гуфтаи ин шабакаи телевизионӣ, шояд Индонезия бошад.
Дар посух ба ин вазорати хориҷаи Индонезия изҳор дошт, ки Ҷакарта аз чунин нақшаҳо огоҳ нест.
Бар асоси тавофуқ дар бораи оташбас дар навори Ғазза миёни Исроил ва ҷунбиши Фаластинии Ҳамос, ки бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Омрико, пас аз иҷрои марҳилаи дуввуми табодули озодии гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластинӣ, фаластиниҳо бояд аз ҷануби навори Ғазза, ки дар натиҷаи амалиёти ҷанг маҷбур ба тарк шуда буданд, ба шимол баргарданд.
Марҳилаи дуввум рӯзи шанбе сурат гирифт, ки се сарбози исроилӣ аз навори Ғазза раҳо шуданд. Як зани дигар раҳо нашуд, аммо Ҳамос ба миёнаравҳо далелҳои зинда будани ӯро пешниҳод кард ва ваъда дод, ки дар даври баъдӣ ӯро раҳо мекунад.
Дар ҳамин ҳол Ҳамос Исроилро дар нақзи оташбас муттаҳам кард.
Исроил бо ҷилавгирӣ аз бозгашти фаластиниҳо ба шимоли Ғазза созишро нақз мекунад, эълон дошт Ҳамос.