https://sputnik.tj/20250126/norinyakandozon-poygoh-rusiya-kuhiston-tojikiston-dushman-nobud-1066008566.html
Норинҷакандозони пойгоҳи Русия дар кӯҳистони Тоҷикистон душманро "нобуд" карданд
Норинҷакандозони пойгоҳи Русия дар кӯҳистони Тоҷикистон душманро "нобуд" карданд
Sputnik Тоҷикистон
Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳолати вокуниш ба ҳамлаи душмани таҷовузкор дар кӯҳистони Тоҷикистонро тамрин карданд
2025-01-26T12:57+0500
2025-01-26T12:57+0500
2025-01-26T13:10+0500
дар тоҷикистон
пойгоҳи 201
русия
тамрин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/00/1030650096_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_e3653ab82f64ea5111bb64a081f8ff70.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Норинҷакандозҳои ҷузъу томҳои савораи тирандози пойгоҳи низомии 201 мавқеъҳои оташфишони душмани шартиро дар кӯҳистони Лоҳур дар Тоҷикистон нобуд карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия хабар додааст. Ҳадафи хизматчиёни ҳарбӣ мошинҳои зиреҳпӯши сабук, инчунин қувваи ҳамлагари ҳариф буданд.Мутобиқи нақшаи тамринӣ, нерӯҳои савораи тирандоз дар яке аз дараҳои кӯҳӣ як минтақаи ҷойгиршудаи душмани шартиро бо мавқеъҳои муҳофизати оташфишон ва тамаркузи мошинҳои зиреҳпӯш муайян карданд.Тибқи нақшаи машқ ҳайатҳои норинҷакандози воҳиди Русия ҳаракати пинҳонӣ анҷом дода, онҳоро тирандозҳо пӯшонда буданд. Кормандони ҳарбӣ мавқеъҳои мусоиди оташфишониро ишғол намуда, техникаи зиреҳпӯши душманро бо истифода аз гранатомётҳои дастии РПГ-7В дар масофаи то 500 метр нобуд карданд. Ба ҳайати шахсӣ аз гранатомётҳои автоматии АГС-17 дар масофаи то 1,5 километр зарба заданд.Ҳамин тариқ, барои ҳуҷуми минбаъда шароити бехатар фароҳам оварда, гурӯҳҳои савораи тирандоз бо истифода аз гранатомётҳои дастии РГД-5 ва Ф-1, инчунин тирандозии тактикӣ аз автоматҳои АК-74М ва АК-12 ба нуқтаҳои дифоӣ ҳамла карданд. Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, дорои навтарин аслиҳаву муҳимоти ҷангиву дифоӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20241117/nizomiyon-poygoh-rusiya-tojikiston-hamla-takhribkoron-raf-1065149254.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/00/1030650096_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_ca4cfc774ea610916c42df0cc7a094e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
норинҷакандоз пойгоҳ русия кӯҳистон тоҷикистон душман нобуд
норинҷакандоз пойгоҳ русия кӯҳистон тоҷикистон душман нобуд
Норинҷакандозони пойгоҳи Русия дар кӯҳистони Тоҷикистон душманро "нобуд" карданд
12:57 26.01.2025 (Навсозишуда: 13:10 26.01.2025) Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳолати вокуниш ба ҳамлаи душмани таҷовузкор дар кӯҳистони Тоҷикистонро тамрин карданд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Норинҷакандозҳои ҷузъу томҳои савораи тирандози пойгоҳи низомии 201 мавқеъҳои оташфишони душмани шартиро дар кӯҳистони Лоҳур дар Тоҷикистон нобуд карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия хабар додааст.
Ҳадафи хизматчиёни ҳарбӣ мошинҳои зиреҳпӯши сабук, инчунин қувваи ҳамлагари ҳариф буданд.
Мутобиқи нақшаи тамринӣ, нерӯҳои савораи тирандоз дар яке аз дараҳои кӯҳӣ як минтақаи ҷойгиршудаи душмани шартиро бо мавқеъҳои муҳофизати оташфишон ва тамаркузи мошинҳои зиреҳпӯш муайян карданд.
Тибқи нақшаи машқ ҳайатҳои норинҷакандози воҳиди Русия ҳаракати пинҳонӣ анҷом дода, онҳоро тирандозҳо пӯшонда буданд.
Кормандони ҳарбӣ мавқеъҳои мусоиди оташфишониро ишғол намуда, техникаи зиреҳпӯши душманро бо истифода аз гранатомётҳои дастии РПГ-7В дар масофаи то 500 метр нобуд карданд.
Ба ҳайати шахсӣ аз гранатомётҳои автоматии АГС-17 дар масофаи то 1,5 километр зарба заданд.
Ҳамин тариқ, барои ҳуҷуми минбаъда шароити бехатар фароҳам оварда, гурӯҳҳои савораи тирандоз бо истифода аз гранатомётҳои дастии РГД-5 ва Ф-1, инчунин тирандозии тактикӣ аз автоматҳои АК-74М ва АК-12 ба нуқтаҳои дифоӣ ҳамла карданд.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст.
Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, дорои навтарин аслиҳаву муҳимоти ҷангиву дифоӣ мебошад.