Интихобот дар Беларус: Лукашенко гуфт, барои интиқоли қудрат ворис намеҷӯяд

© Sputnik / Вячеслав Прокофьев / POOL / Гузариш ба медиабонкСпектакль-концерт, посвященный 80-летию освобождения Ленинграда от фашистской блокады
Спектакль-концерт, посвященный 80-летию освобождения Ленинграда от фашистской блокады - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2025
Обуна шудан
Раҳбарии феълии Беларус гуфт, ки хостори дигра дар интихоботи президентӣ ширкат карданро надошт, аммо ӯро раиси парлумон Наталя Кочанова мутақоид кард
Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки ӯ ворис барои интиқоли қудратро ҷустуҷӯ намекунад.
"Ман ин ворисро ҷустуҷӯ надорам",- гуфт Лукашенко рӯзи якшанбе дар Минск ба хабарнигорон.
Дар ҳамин ҳол, вай қайд кард, ки насли калонсоли мансабдорон ба он, ки баъдан кӣ дар кишвар сари қудрат хоҳад буд, бетараф нестанд.
"Аммо мо ҳоло бо ин интихобот зиндагӣ мекунем. Пас аз интихобот фикр хоҳем кард", - афзуд Лукашенко.
Лукашенко гуфт, ки намехост имсол дар интихобот барои курсии раиси ҷумҳурии ин кишвар ширкат кунад, аммо ӯро маҷбур карданд.
"Ман намехостам, ки ба ин интихобот равам... Чӣ қадр ҳам мешавад, 30 сол аст, аллакай. Зоҳиран ин ҳатто ношоиста аст, ман худро беҷо ҳис мекунам, гӯё каси дигаре нест”,- гуфт ӯ
Ба гуфтаи Лукашенко, ӯро раиси палатаи болоии порлумони Беларус Наталя Кочанова мутақоид кардааст.
Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2024
Машварати Лукашенко ба Рамазон Раҳимзода ва ҳамтоёнаш аз ИДМ: Аз Русия дур нашавед
Ӯ афзуд, ки Минск бо мухолифони фирорӣ муколама намекунад, аммо барои гуфтугӯ бо Ғарб як канали мустақими иртиботӣ дорад.
Вай мегӯяд, мухолифини воқеӣ имрӯз дар Беларус ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Беларус интихоботи президентӣ ҷараён дорад.
Барои курсии раҳбари давлат 5 номзад, аз ҷумла президенти феълии ҷумҳурӣ Александр Лукашенко мубориза мебаранд. Агар ҳеҷ яке аз номзадҳо бештар аз 50% овозҳоро ба даст наоварад, даври дуюми интихобот эълон мешавад.
Тибқи Конститутсияи Беларус, президент ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Вай бояд шаҳрванди кишвар бошад, ки синнашон аз 40 боло бошад, на камтар аз 20 сол дар ҷумҳурӣ зиндагӣ дошта бошад, шаҳрвандӣ ё иҷозати иқомат дар кишвари дигар ва доғи судӣ надошта бошад.
Бино ба охирин додаҳои Комиссияи марказии интихоботӣ, ширкат дар интихоботи президентии Беларус аз 66 дарсад гузашт, ки баргузоршуда ҳисобида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0