Дар Туркия як бинои истиқоматӣ фурӯ рехт

© Getty Images / Anadolugetty
getty - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2025
Обуна шудан
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса дасти кам 200 наҷотдиҳанда кор мекунанд. Маълум шуд, ки панҷ нафаре, ки дар зери харобаҳо мондаанд, шаҳрвандони Сурия мебошанд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Шоми рӯзи 24 январ дар вилояти Кунияи Туркия як бинои истиқоматии чаҳорошёна фурӯ рехт, ки дар он 14 хона буд ва 12-тоаш одамон зиндагӣ намекарданд.
Дар бораи сабабҳои фурӯпошӣ то ҳол маълумоте нест.
Дар ҷои ҳодиса ҳудуди 200 наҷотдиҳанда бо сагҳо кор мекунанд. Вазири умури дохилии Туркия Алӣ Йерликая гуфт, се нафар аз зери харобаҳо зинда берун бароварда шуданд.
"Онҳоро пас аз панҷ соати зери харобаҳо ба бемористон бурданд. Баҳуш буданд ва табибон муоинаи онҳоро идома медиҳанд ва кумакҳои зарурӣ мерасонанд", - гуфт ӯ.
Директори Раёсати тандурустии минтақавӣ Меҳмет Коч дар навбати худ хабар дод, ки вазъи саломатии наҷотёфтагон қаноатбахш аст.
Йерликая ҳамчунин хабар дод, ки панҷ нафари дигар дар зери харобаҳо мондаанд, ки ҳама шаҳрвандони Сурия мебошанд.
Пожарные тушат пожар в отеле на горнолыжном курорте Карталкая в провинции Болу на северо-западе Турции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2025
Раҳмон ба Эрдуғон барқияи ҳамардӣ ирсол намуд
"Муайян шудааст, ки ҳамаи панҷ нафари зери харобаҳо қарордошта суриягӣ ҳастанд. Корҳои наҷотбахшӣ идома доранд", - гуфт вазир ба хабарнигорон.
Додситонии кулли Куния гуфт, чаҳор гумонбарро боздошт кардааст, ки гумон меравад, дар фурӯрехтани ин бинои чаҳорошёна масъуланд.
"Тафтишоти ҳамаҷониба идома дорад. Фаъолияти тафтишотии комиссияи коршиносӣ бо ҳамроҳии кормандони додситонӣ дар ҷои ҳодиса идома дорад", - хабар медиҳад Додситонии кулл.
Лентаи хабарҳо
0