Адиб ва рӯзноманигори тоҷик дар Маскав даргузашт

© Foto / Из личного архива Хабиба СаидаТаджикский писатель, журналист и блогер Хабиб Саид
Таджикский писатель, журналист и блогер Хабиб Саид  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2025
Обуна шудан
Манбаи Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷасади нависанда ва рӯзноманигори тоҷик ба Ватан интиқол меёбад ва дар зогоҳаш шаҳри исфара дафн хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи шинохтаи тоҷик Ҳабиб Саид дар Русия даргузашт.
Дар ин бора пайвандони адиб ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
“Ҳабиб солҳои зиёд дар шаҳри Кувандики Оренбург зиндагӣ доштанд ва шоми гузашта дар синни 71 - солагӣ аз олам гузаштанд”, - афзуд манбаъ.
Манбаъ гуфт, қарор аст, ҷасади марҳум ба Тоҷикистон интиқол ва дар зодгоҳаш шаҳри Исфара дафн шавад.
Ҳабиб Саид зодаи шаҳри Душанбе буда, соли 1953 ба дунё омадааст. Марҳум писари нависандаи шинохта Лутфӣ Саид аст.
Файзигул Юсупова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2024
Овозхони шинохтаи тоҷик Файзигул Юсуфӣ дар Ҳиндустон даргузашт
Ҳабиб Саид хатмкардаи Донишкадаи кишоварзӣ бошад ҳам, вале ба ҳайси кафшегар, челонгар, муҳандис, геолог, технолог, рӯзноманигор, шореҳи сиёсии радио кору фаъолият низ намуда буд.
Ӯ дар солҳои охир силсилаи блогу саҳифаҳоро дар бахши адабиёт, сиёсат, фарҳанг ва ходимони маъруфи Тоҷикистон дар Интернет гардонандагӣ мекард. Дар саҳифаи ӯ дар Ютуб мусиқӣ ва гуфтору наворҳои нодире аз даврони Шӯравии собиқ ҷой ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0