Вазири арманӣ: Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ИИАО омили рушди иқтисодӣ Арманистон боқӣ мемонад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Армении Арарат Мирзоян на пресс-конференции по итогам встречи с министром иностранных дел РФ Сергеем Лавровым
Министр иностранных дел Армении Арарат Мирзоян на пресс-конференции по итогам встречи с министром иностранных дел РФ Сергеем Лавровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2025
Обуна шудан
Ҳамкории мутақобила дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) омили таъсиргузор ба татбиқи иқтидори тиҷорати хориҷии Арманистон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора Арарат Мирзоян, Вазири хориҷаи Арманистон дар пайи музокирот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав изҳор дошт.
"Барои Арманистон ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, инчунин дар чаҳорчӯби ИИАО яке аз омилҳои таъсиргузор ба рушди иқтисодӣ ва татбиқи иқтидори тиҷорати хориҷӣ боқӣ мемонад", - гуфт ӯ.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян қайд кард, ки "ин ба маънои аслии узвияти Арманистон дар Иттиҳодияи Аврупо нест, зеро тасмим дар ин масъала танҳо тавассути раъйпурсӣ гирифта мешавад".
Тавре муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук изҳор дошт, Русия муҳокимаи лоиҳаи қонун дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар Арманистон оғози хуруҷи ин ҷумҳурӣ аз ИИАО медонад.
Контейнеры в торговом порту. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2025
Эрон: бозоре, ки АвруОсиё барои мо эҷод мекунад қобилияти таҳрим аз тараф Амрико надорад
Ба гуфтаи ӯ, пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ба узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё созгор нест.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як иттиҳодияи иқтисодӣ миёндавлатӣ аст, ки шомили Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон мешавад.
Аъзои нозири ин иттиҳодияи шомили Узбекистон, Молдова ва Куба ҳастанд.
Ин иттиҳодия дар соли 2014 таъссс ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0