https://sputnik.tj/20250120/qazoqiston-mamuron-pulis-shikanja-shahrvandon-tojikiston-mujozot-1065930894.html
Дар Қазоқистон маъмурони пулис барои шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистон муҷозот шуданд
Дар Қазоқистон маъмурони пулис барои шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистон муҷозот шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Сухан дар бораи таҳқир ҳангоми ошӯбҳои январи соли 2022 меравад, суди ноҳияи Қарасайи ҷумҳурӣ шарҳ дод 20.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-20T10:45+0500
2025-01-20T10:45+0500
2025-01-20T10:45+0500
қазоқистон
осиёи марказӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ошӯб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044693805_0:0:3255:1830_1920x0_80_0_0_8b9b044752612857d7a0b47cbf2b6d72.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон 6 афсари пулис барои шиканҷа дар ошӯбҳои январи соли 2022 маҳкум шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Қарасой хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, айбдоршавандагон бо истифода аз ваколатҳои хизматиашон амалҳои хилофи қонун содир намудаанд, ки дар натиҷа ҷабрдидагон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки муттаҳамон ба муҳлати 3 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ошӯби оммавӣ рух дода, ширкаткунандагони он ба пулис ва низомиён ҳамла карданд. Дар чанд манотиқи кишвар миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар як паёми видеоӣ мардумро даъват кард, ки ба иғво дода нашаванд. Сипас аз талоши табаддулот хабар дод ва барои кумак ба СПАД муроҷиат кард. Вазъият то 7 январ ба эътидол омада, танҳо то 19 январ дар саросари ҷумҳурӣ вазъи фавқулодда бекор карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни нооромиҳо 238 нафар кушта ва беш аз 4,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
https://sputnik.tj/20250117/shahrvand-tojikiston-darkhost-interpol-rusiya-bozdosht-1065904453.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044693805_105:0:2836:2048_1920x0_80_0_0_827874631e0d476a9c25930e510f39db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, осиёи марказӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ошӯб
қазоқистон, осиёи марказӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ошӯб
Дар Қазоқистон маъмурони пулис барои шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистон муҷозот шуданд
Сухан дар бораи таҳқир ҳангоми ошӯбҳои январи соли 2022 меравад, суди ноҳияи Қарасайи ҷумҳурӣ шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон 6 афсари пулис барои шиканҷа дар ошӯбҳои январи соли 2022 маҳкум шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Қарасой хабар додааст.
"Моҳи январи соли 2022 44 ҷабрдида, аз ҷумла шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар боздоштгоҳи махсуси шӯъбаи корҳои дохилӣ ҷойгир карда шуданд",-изҳор дошт хадамоти матбуоти.
Ба иттилои манбаъ, айбдоршавандагон бо истифода аз ваколатҳои хизматиашон амалҳои хилофи қонун содир намудаанд, ки дар натиҷа ҷабрдидагон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки муттаҳамон ба муҳлати 3 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ошӯби оммавӣ рух дода, ширкаткунандагони он ба пулис ва низомиён ҳамла карданд.
Дар чанд манотиқи кишвар миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.
Президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар як паёми видеоӣ мардумро даъват кард, ки ба иғво дода нашаванд. Сипас аз талоши табаддулот хабар дод ва барои кумак ба СПАД муроҷиат кард.
Вазъият то 7 январ ба эътидол омада, танҳо то 19 январ дар саросари ҷумҳурӣ вазъи фавқулодда бекор карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни нооромиҳо 238 нафар кушта ва беш аз 4,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.