https://sputnik.tj/20250117/putin-pashinyan-sud-iiao-armaniston-1065910350.html
Путин ва Пашинян аз суди ИИАО барои Арманистон гуфтанд
Путин ва Пашинян аз суди ИИАО барои Арманистон гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар суҳбати телефонӣ бо Путин, Пашинян вазъро бо иқдомоти Ереван дар арсаи равобит бо Иттиҳодияи Аврупо шарҳ додаст 17.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-17T17:07+0500
2025-01-17T17:07+0500
2025-01-17T17:07+0500
ииао
иқтисод
владимир путин
никол пашинян
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/11/1065911584_0:0:3103:1745_1920x0_80_0_0_e53a8f38ecc44f52ca4720f84bd6a4eb.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян телефонӣ рӯзномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ИИАО) баррасӣ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Арманистон хабар дод.Зимнан, Кремл хабар дод, ки дар суҳбат Пашинян "вазъи марбут ба иқдомоти ахири Ереван дар заминаи равобит бо Иттиҳодияи Аврупоро шарҳ дод" ва Путин вобаста ба ин масъала "тафсир ва баҳои мувофиқ дод".Аз ин пеш Кремл қайд кард, ки ҳам узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо будан ғайриимкон аст. "Ин ҷо як минтақаи гумрукӣ, ин ҷо як минтақаи озоди ҳаракати молҳо, хизматрасониҳо, одамон, сармоя аст - он ҷо тамоман чизи дигар, меъёрҳои гуногун вуҷуд доранд", - гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.Бояд гуфт, Арманистон соли 2025 раёсати худро дар ИИАО ба итмом расонд ва он ба Беларус гузашт. Президенти Беларус Александр Лукашенко пешниҳод кард, ки мулоқоти навбатӣ дар Минск моҳи май баргузор шавад.
https://sputnik.tj/20250113/maqomoti-armaniston-erevan-niyati-khuruj-iiao-nadorad-1065847379.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/11/1065911584_100:0:2831:2048_1920x0_80_0_0_7872a351093fa164c98e9144c995f8be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, иқтисод, владимир путин, никол пашинян
ииао, иқтисод, владимир путин, никол пашинян
Путин ва Пашинян аз суди ИИАО барои Арманистон гуфтанд
Дар суҳбати телефонӣ бо Путин, Пашинян вазъро бо иқдомоти Ереван дар арсаи равобит бо Иттиҳодияи Аврупо шарҳ додаст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян телефонӣ рӯзномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ИИАО) баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Арманистон хабар дод.
"Ҷонибҳо натиҷаҳои раёсати Арманистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, вазифаҳои дарпешистода дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамчунин як қатор масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаи Арманистон ва Русияро баррасӣ карданд", - омадааст дар хабар.
Зимнан, Кремл хабар дод, ки дар суҳбат Пашинян "вазъи марбут ба иқдомоти ахири Ереван дар заминаи равобит бо Иттиҳодияи Аврупоро шарҳ дод" ва Путин вобаста ба ин масъала "тафсир ва баҳои мувофиқ дод".
Аз ин пеш Кремл қайд кард, ки ҳам узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо будан ғайриимкон аст.
"Ин ҷо як минтақаи гумрукӣ, ин ҷо як минтақаи озоди ҳаракати молҳо, хизматрасониҳо, одамон, сармоя аст - он ҷо тамоман чизи дигар, меъёрҳои гуногун вуҷуд доранд", - гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Бояд гуфт, Арманистон соли 2025 раёсати худро дар ИИАО ба итмом расонд ва он ба Беларус гузашт. Президенти Беларус Александр Лукашенко пешниҳод кард, ки мулоқоти навбатӣ дар Минск моҳи май баргузор шавад.