https://sputnik.tj/20250117/pizishkiyon-maskav-ruydodho-suriya-ghazza-suhbat-kunad-1065906055.html
Пизишкиён қасд дорад дар Маскав рӯйдодҳои Сурия ва Ғаззаро баррасӣ кунад
Пизишкиён қасд дорад дар Маскав рӯйдодҳои Сурия ва Ғаззаро баррасӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Эрон мегӯяд, президенти ин кишвар қасд дорад дар Маскав рӯйдодҳои Сурия ва Ғаззаро низ баррасӣ кунад 17.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-17T14:57+0500
2025-01-17T14:57+0500
2025-01-17T14:57+0500
русия
эрон
масъуд пизишкиён
сурия
навори ғазза
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065887179_0:55:1280:776_1920x0_80_0_0_37a1d27f28adb9959530439603957bbd.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, ки барои имзои созишномаи шарикии стратегӣ бо Русия вориди Маскав шудааст, қасд дорад, дар ҷараёни ин сафар рӯйдодҳои Ховари Миёна ва ҷаҳон, аз ҷумла Сурия ва навори Ғаззаро баррасӣ кунад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар дод.Қаблан Русия ва Эрон дар бораи як созишномаи шарикии стратегии ҳамаҷониба ба мувофиқа расида буданд. Ба гуфтаи Қозим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, ин созишнома, ки банди эҳтиром ба тамомияти арзиро дар бар мегирад, аз 47 модда ва муқаддима иборат буда, ба манзури таъмини ҳамкориҳои мутавозини ду кишвар амалӣ хоҳад шуд. Бино ба иттилои Кремл, музокироти Путин ва Пизишкиён рӯзи 17 январ баргузор шуда, дар ҷараёни он раҳбарон ният доранд дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили кунунии минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунанд. Илова бар ин, дар пайи музокирот, раисҷумҳурҳо созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Русия ва Эронро имзо карда, ба расонаҳо изҳорот медиҳанд.
https://sputnik.tj/20250116/istiqbol-rasmi-pizishkiyon-dushanbe-omoda-hamkori-1065884027.html
русия
эрон
сурия
навори ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065887179_66:0:1205:854_1920x0_80_0_0_abc3cb9bb51c9efe112b2314b567b926.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, масъуд пизишкиён, сурия, навори ғазза, сиёсат
русия, эрон, масъуд пизишкиён, сурия, навори ғазза, сиёсат
Пизишкиён қасд дорад дар Маскав рӯйдодҳои Сурия ва Ғаззаро баррасӣ кунад
Вазорати умури хориҷаи Эрон мегӯяд, президенти ин кишвар қасд дорад дар Маскав рӯйдодҳои Сурия ва Ғаззаро низ баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, ки барои имзои созишномаи шарикии стратегӣ бо Русия вориди Маскав шудааст, қасд дорад, дар ҷараёни ин сафар рӯйдодҳои Ховари Миёна ва ҷаҳон, аз ҷумла Сурия ва навори Ғаззаро баррасӣ кунад.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар дод.
Қаблан Русия ва Эрон дар бораи як созишномаи шарикии стратегии ҳамаҷониба ба мувофиқа расида буданд.
Ба гуфтаи Қозим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, ин созишнома, ки банди эҳтиром ба тамомияти арзиро дар бар мегирад, аз 47 модда ва муқаддима иборат буда, ба манзури таъмини ҳамкориҳои мутавозини ду кишвар амалӣ хоҳад шуд.
"Нуктаи марказии ин сафар имзои созишномаи шарикии стратегӣ миёни ду кишвар аст, аммо табиист, ки ин фурсат барои баррасии ҷанбаҳои мухталифи равобити ду кишвар, таҳаввулоти минтақа, аз ҷумла тағйирот дар Осиёи Ғарбӣ, хусусан дар Сурия ва Ғазза ва инчунин рӯйдодҳои арсаи байналмиллалӣ мебошанд", - гуфтааст намояндаи расмии вазорат.
Бино ба иттилои Кремл, музокироти Путин ва Пизишкиён рӯзи 17 январ баргузор шуда, дар ҷараёни он раҳбарон ният доранд дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили кунунии минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунанд.
Илова бар ин, дар пайи музокирот, раисҷумҳурҳо созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Русия ва Эронро имзо карда, ба расонаҳо изҳорот медиҳанд.