Мулоқоти Путину Пизишкиён - пахши мустақим

Обуна шудан
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон барои имзои созишномаи шарикии стратегӣ бо Русия вориди Маскав шуд.
Бино ба иттилои Кремл, Владимир Путин роҳбари Русия бо кишвардори Эрон дидору мулоқот баргузор мекунад.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот раҳбарони Русияву Эрон ният доранд дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили кунунии минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунанд.
“Ба дунболи Раисӣ”: Роҳи Пизишкиён аз тариқи Душанбе ба Маскав
Илова бар ин, дар пайи музокирот, раисҷумҳурҳо созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Русия ва Эронро имзо карда, ба расонаҳо изҳорот медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ин дувумин сафари Пизишкиён ба Русия аст.
Моҳи октябри соли 2024 ӯ дар нишасти БРИКС дар Қазон ширкат кард. Дар ҳошияи ин чорабинӣ раисиҷумҳури Эрон дар мулоқот бо Путин таъкид кард, ки Маскав ва Теҳрон метавонанд дар якҷоягӣ паёмадҳои манфии таҳримҳои Ғарбро безарар созанд.
Лентаи хабарҳо
0