https://sputnik.tj/20250116/osorkhona-tarikh-jangi-buzurgi-vatani-donishgoh-khujand-iftitoh-1065888519.html
Осорхонаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Донишгоҳи Хуҷанд ифтитоҳ шуд
Осорхонаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Донишгоҳи Хуҷанд ифтитоҳ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Осорхона бо аксу ҳуҷҷатҳо, навиштаҷот, ашёи таърихӣ ва адабиёт муҷаҳҳаз ҳаст, ки доир ба таърихи ҷанг ва Ғалабаи бузург маълумоти муфассалро фарогир аст 16.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-16T14:38+0500
2025-01-16T14:38+0500
2025-01-16T14:38+0500
дар тоҷикистон
суғд
ҷбв
осорхона
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065883339_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_3567be8248774f03c0f246278e228003.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Дар остонаи ҷашни 80 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифтитоҳ гардид.Расулзода: Тоҷикистон ба таҷлили 80-солагии Ғалаба аҳамияти хос медиҳадОсорхонаи мазкур дар бинои факултаи таърих ва ҳуқуқ фаъол карда шудааст, гуфт декани ин факулта Иброҳим Ҷабборзода ба Sputnik Тоҷикистон.Бино ба иттилои манбаъ Осорхона бо маводи ҷолиб маълумоту навиштаҷот, аксу ҳуҷҷатҳо, ашёи (экспонат) таърихӣ, адабиёт, албомҳо доир ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҷаҳҳаз гардида, доир ба таърихи ҷанг ва Ғалабаи бузург маълумоти муфассалро фарогир аст. Экспонатҳои нодир – аслиҳаи ҷангӣ, сару либоси низомӣ, воситаи алоқа, дурбин, ордену медалҳои давраи ҷанг дар шакли асл ва дигар ашёи ҷолиб таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб месозад. Дар гӯшаи алоҳидаи осорхона аксу ҳуҷҷатҳо доир ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (ДДОЛ) ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дар солҳои пурошӯби ҷанг, корнамоии устодону донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла шуҷоати донишҷӯи факултети таърих Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов, бародарон Муҳаммад Осимӣ ва Зайниддин Осимӣ, шаш нафар ректорони донишгоҳ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, барои мардонагӣ ба мукофотҳои ҷангӣ сазовор гаштаанд, гирд оварда шудааст. Масъулини Донишгоҳи Хуҷанд роҳандозии ин ташаббусро армуғон ба истиқболи ҷашни 80-солагии Ғалаба, рамзи посдории хотири ниёгони қаҳрамон ва махзани маълумоти ҳарбӣ - таърихӣ барои донишомӯзон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ басо муҳим арзёбӣ мекунанд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065883339_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_8022996eb73cea58cde6c0d8c4d94983.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, ҷбв, осорхона, фарҳанг
дар тоҷикистон, суғд, ҷбв, осорхона, фарҳанг
Осорхонаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Донишгоҳи Хуҷанд ифтитоҳ шуд
Осорхона бо аксу ҳуҷҷатҳо, навиштаҷот, ашёи таърихӣ ва адабиёт муҷаҳҳаз ҳаст, ки доир ба таърихи ҷанг ва Ғалабаи бузург маълумоти муфассалро фарогир аст
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Дар остонаи ҷашни 80 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ифтитоҳ гардид.
Осорхонаи мазкур дар бинои факултаи таърих ва ҳуқуқ фаъол карда шудааст, гуфт декани ин факулта Иброҳим Ҷабборзода ба Sputnik Тоҷикистон.
“Иқдоми мазкур бо дастури ректори донишгоҳ роҳандозӣ гардида, аҳамияти Ғалабаи бузург, қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар майдони набард, меҳнати шуҷоатноки мардум дар ақибгоҳ ва кӯмак ба фронт, поси хотири бобоёну падарони қаҳрамон, омӯхтани зиндагии ибратбахши онҳо барои насли ҷавон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, таҳкими ҳофизаи таърихиро таҷассум менамояд”, - зикр кард Ҷабборзода.
Бино ба иттилои манбаъ Осорхона бо маводи ҷолиб маълумоту навиштаҷот, аксу ҳуҷҷатҳо, ашёи (экспонат) таърихӣ, адабиёт, албомҳо доир ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҷаҳҳаз гардида, доир ба таърихи ҷанг ва Ғалабаи бузург маълумоти муфассалро фарогир аст.
Экспонатҳои нодир – аслиҳаи ҷангӣ, сару либоси низомӣ, воситаи алоқа, дурбин, ордену медалҳои давраи ҷанг дар шакли асл ва дигар ашёи ҷолиб таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ ҷалб месозад.
Дар гӯшаи алоҳидаи осорхона аксу ҳуҷҷатҳо доир ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (ДДОЛ) ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) дар солҳои пурошӯби ҷанг, корнамоии устодону донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла шуҷоати донишҷӯи факултети таърих Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов, бародарон Муҳаммад Осимӣ ва Зайниддин Осимӣ, шаш нафар ректорони донишгоҳ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, барои мардонагӣ ба мукофотҳои ҷангӣ сазовор гаштаанд, гирд оварда шудааст.
Масъулини Донишгоҳи Хуҷанд роҳандозии ин ташаббусро армуғон ба истиқболи ҷашни 80-солагии Ғалаба, рамзи посдории хотири ниёгони қаҳрамон ва махзани маълумоти ҳарбӣ - таърихӣ барои донишомӯзон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ басо муҳим арзёбӣ мекунанд.