https://sputnik.tj/20250115/taboduli-kolo-miyoni-tojikiston-eron-panj-barobar-afzoish-yoft--1065873557.html
Табодули коло миёни Тоҷикистон Эрон панҷ баробар афзоиш ёфт
Табодули коло миёни Тоҷикистон Эрон панҷ баробар афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Душанбе ва Техрон тиҷорати мутақобилро афзоиш хоҳанд дод, гардиши мол дар ҳоли афзоиш аст ва дар давоми се соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
2025-01-15T19:01+0500
2025-01-15T19:01+0500
2025-01-15T19:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тиҷорат
эрон
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065351328_0:107:3099:1850_1920x0_80_0_0_87bfdbb4ad39008dbe13b11108efadbd.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор доранд.Ба ин тартиб, гардиши мол миёни ду кишвар дар се соли ахир панҷ баробар афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон хабар додааст.Ба иттилои хабаргузории давлатии Эрон IRIB, вазири хориҷаи Эрон таъкид кардааст, ки дар се соли ахир ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар панҷ баробар афзоиш ёфтааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон чӣ гуна суръат мегирад.Дар асоси маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024-ум 336,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 120,1 миллион доллар ё 55 дарсад афзудааст.Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 104,1 миллион доллар ва воридот ба 232,1 миллион доллар баробар гардидааст.Ёдовар мешавем, ки Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 15 январ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба Душанбе сафар мекунад.Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари расмии Масъуд Пезешкиён ба Тоҷикистон пас аз ба мақоми раисиҷумҳур омаданаш аст.Тибқи барномаи сафар пас аз мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо мерасад.Дар пайи музокироти густурдаи Тоҷикистону Эрон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, шарикии ду кишварро таҳким мебахшад.Баргузории анҷуманҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ низ дар дастури сафари раисиҷумҳур Пезешкиён аст, ки дар он беш аз 100 намояндаи тиҷорати эронӣ ширкат хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20250115/ehyoi-munosibat-tojikiston-eron-jang-dustii-dushanbe-tehron-1065864774.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065351328_47:0:2776:2047_1920x0_80_0_0_343b10c5fc9d8df2f60822bd58bf8afb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, табодули коло, эрон, афзоиш, гардиши мол, иқтисод, тиҷорат
тоҷикистон, табодули коло, эрон, афзоиш, гардиши мол, иқтисод, тиҷорат
Табодули коло миёни Тоҷикистон Эрон панҷ баробар афзоиш ёфт
Душанбе ва Техрон тиҷорати мутақобилро афзоиш хоҳанд дод, гардиши мол дар ҳоли афзоиш аст ва дар давоми се соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор доранд.
Ба ин тартиб, гардиши мол миёни ду кишвар дар се соли ахир панҷ баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон хабар додааст.
Ба иттилои хабаргузории давлатии Эрон IRIB, вазири хориҷаи Эрон таъкид кардааст, ки дар се соли ахир ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар панҷ баробар афзоиш ёфтааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон чӣ гуна суръат мегирад.
Дар асоси маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024-ум 336,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 120,1 миллион доллар ё 55 дарсад афзудааст.
Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 104,1 миллион доллар ва воридот ба 232,1 миллион доллар баробар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Масъуд Пезешкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 15 январ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба Душанбе сафар мекунад.
Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари расмии Масъуд Пезешкиён ба Тоҷикистон пас аз ба мақоми раисиҷумҳур омаданаш аст.
Тибқи барномаи сафар пас аз мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо мерасад.
Дар пайи музокироти густурдаи Тоҷикистону Эрон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, шарикии ду кишварро таҳким мебахшад.
Баргузории анҷуманҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ низ дар дастури сафари раисиҷумҳур Пезешкиён аст, ки дар он беш аз 100 намояндаи тиҷорати эронӣ ширкат хоҳанд кард.