Пизишкиён вориди Тоҷикистон шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча президента Исламской Республики Иран Масуда Пезешкиана в международном аэропорту Душанбе
Встреча президента Исламской Республики Иран Масуда Пезешкиана в международном аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ба манзури анҷоми сафари давлатии ду рӯза ворид Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури Эрон вориди шаҳри Душанбеи пойтахт Тоҷикистон шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе раисҷумҳури Эрон мавриди истиқболи гарму самимии Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон қарор гирифт.
Фардо субҳ маросими истиқболи расмӣ аз раисҷумҳури Эрон дар маҳали Қасри миллати Тоҷикистон баргузор мешавад.
Сипас дидори хусусии Пизишкиён бо Эмомалӣ Раҳмон ва музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат мегирад.
Раисҷумҳури Эрон дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлиси миллӣ, Муҳаммадтоҳири Зокирзода, раиси маҷлиси намояндагон ва Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дидор хоҳад кард.
Флаги Ирана и Таджикистана в аэропорту Мехрабад в Тегеране, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2025
Эҳёи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон: Сардиву гармӣ дар равобити Душанбеву Теҳрон
Пас аз ин, Пизишкиён бо ҳамроҳии Раҳмон дар ҳамоиши муштараки тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар ширкату суханронӣ ва ҳамчунин бо эрониёни муқими Тоҷикистон дидор мекунад.
Дар чорчуби сафар Пизишкиён ба Душанбе ҳамчунин азсаргирии Маркази Ҳилоли аҳмар дар шаҳри Душанбе барномарезӣ шудааст.
Дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистони 15 январ дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъри Тоҷикистону Эрон, ҳамоиши донишмандону пажӯҳишгарон, маросими азсаргирии фаъолияти муассисаи мироси фарҳанги Форсу тоҷик ва нишаст муштараки фаъолони иқтисодӣ баргузор шуд.
Субҳи рӯзи ҷумъа раисҷумҳури Эрон бо даъвати расмии Владимир Путин раҳбари Русия, Тоҷикистонро ба мақсад Маскав тарк хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0