Президенти Эрон ҳамроҳ бо гурӯҳи бузурги соҳибкорон озими Душанбе мешавад

© Sputnik / Максим Богодвид / Фотохост-агентство brics-russia2024.ruПрезидент Ирана Масуд Пезешкиан. Архивное фото
Президент Ирана Масуд Пезешкиан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2025
Обуна шудан
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон бо сафари ду рӯза санаи 14 январ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мешавад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён рӯзи 14-уми январ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон то 16-уми январидома хоҳад ёфт.
Дар ин сафар гурӯҳе аз соҳибкорони баландпояи эронӣ ва намояндагони бахши саноату маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломӣ ба Тоҷикистон меоянд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ Форуми иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор мегардад.
Ҳамзамон, дар доираи сафари ҳайти болозикр, соҳибкорони эронӣ аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид менамоянд.
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2025
“Ба дунболи Раисӣ”: Роҳи Пизишкиён аз тариқи Душанбе ба Маскав
Бояд гуфт, ки ин нахустин сафари ӯ ба унвони раиси ҷумҳурӣ ба Душанбе буда, ду рӯз идома хоҳад кард ва дар ин муддат ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур мепазирад.
Ин дидор дуввумин мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Эрон пас аз савганди Пизишкиён хоҳад буд. Нахуст дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд.
Тарафҳо қасд доранд бастаи бузурги асноди бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангро имзо кунанд.
Интизор меравад, дар ин сафар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсиву тоҷикӣ ифтитоҳ ва фаъолияти маркази “Саломат” – и Ҳилоли Аҳмар, ки дар гузашта мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шавад.
Лентаи хабарҳо
0