https://sputnik.tj/20250114/lavrov-rusiya-mavqei-tramp-ukraina-barrasi-1065857821.html
Лавров гуфт кай Русия мавқеи Трампро дар мавриди Украина баррасӣ хоҳад кард
Лавров гуфт кай Русия мавқеи Трампро дар мавриди Украина баррасӣ хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия дар нишасте гуфт, ки Русия мавқеъи Доналд Трампро дар мавриди Украина баъд аз маросими савгандёдкунӣ меомӯзад
2025-01-14T20:01+0500
2025-01-14T20:01+0500
2025-01-14T20:01+0500
русия
дар русия
украина
доналд трамп
сергей лавров
музокира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065858207_0:0:3096:1742_1920x0_80_0_0_4bcadd227e72ebe1a6ade771d4eb97f2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия мавқеи ниҳоии президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трампро дар мавриди Украина ҳангоми таҳияи он пас аз савгандёдкунӣ меомӯзад."Вақте президент Трамп, ки расман ба вазифааш оғоз кунад, ниҳоят мавқеи худро дар бораи умури Украина баён кунад, албатта мо онро меомӯзем", - гуфт Лавров дар нишаст.Ҳамчунин оқои Лавров таъкид кард, ки Русия омода аст кафолатҳои амниятии "кишваре, ки ҳоло Украина номида мешавад баррасӣ кунад.“Мо мунтазири пешниҳодҳои тими Трамп ҳастем”,- қайд кард Сергуй Лавров.Вай ҳамчунин илова кард, ки садриъазами Олмон Олаф Шотс дар сӯҳбати моҳи ноябри худ бо Путин, чизе нагуфт, ки "қаблан мегуфт".Дар посух ба суол дар бораи ширкати эҳтимолии Олмон дар ҳалли муноқишаи Украина, Лавров қайд кард, ки Берлин аллакай бо бастани созишномаҳои Минск саҳми худро гузоштааст, ки нияти иҷрои онро надошт.
https://sputnik.tj/20250113/medvedchuk-ukraina-terrorizm-harakat-1065847188.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065858207_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_b25a572eca9431872d75685deb7a12b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, русия, трамп, мавқеъ, доналд трамп, украина, амалиёти вижа
лавров, русия, трамп, мавқеъ, доналд трамп, украина, амалиёти вижа
Лавров гуфт кай Русия мавқеи Трампро дар мавриди Украина баррасӣ хоҳад кард
Вазири хориҷаи Русия дар нишасте гуфт, ки Русия мавқеъи Доналд Трампро дар мавриди Украина баъд аз маросими савгандёдкунӣ меомӯзад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия мавқеи ниҳоии президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трампро дар мавриди Украина ҳангоми таҳияи он пас аз савгандёдкунӣ меомӯзад.
"Вақте президент Трамп, ки расман ба вазифааш оғоз кунад, ниҳоят мавқеи худро дар бораи умури Украина баён кунад, албатта мо онро меомӯзем", - гуфт Лавров дар нишаст.
Ҳамчунин оқои Лавров таъкид кард, ки Русия омода аст кафолатҳои амниятии "кишваре, ки ҳоло Украина номида мешавад баррасӣ кунад.
“Мо мунтазири пешниҳодҳои тими Трамп ҳастем”,- қайд кард Сергуй Лавров.
Вай ҳамчунин илова кард, ки садриъазами Олмон Олаф Шотс дар сӯҳбати моҳи ноябри худ бо Путин, чизе нагуфт, ки "қаблан мегуфт".
Дар посух ба суол дар бораи ширкати эҳтимолии Олмон дар ҳалли муноқишаи Украина, Лавров қайд кард, ки Берлин аллакай бо бастани созишномаҳои Минск саҳми худро гузоштааст, ки нияти иҷрои онро надошт.