https://sputnik.tj/20250114/istehsoli-mahsuloti-sanoati-iiao-ziyod-shud-1065857124.html
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ИИАО 4,4% зиёд шуд
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ИИАО 4,4% зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои ИИАО афзоиши бештарро дар саноати коркард, соҳаҳои истеҳсолӣ, таъминоти барқ, газ, буғ ва кондитсионер нишон доданд
2025-01-14T16:59+0500
2025-01-14T16:59+0500
2025-01-14T16:59+0500
ииао
авруосиё
маҳсулот
маҳсулоти саноат
саноат
иқтисод
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065857399_0:213:2940:1867_1920x0_80_0_0_8b13a2fd3b66aba662ae28de5b544437.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд.Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ИИАО 4,4% нисбат ба сатҳи моҳҳои январ-октябри соли 2023-ро ташкил дод.Тавре аз Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) хабар доданд, афзоиши ин бахши иқтисод дар ҳамаи кишварҳои иттиҳодия мушоҳида шудааст:Дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард дар кишварҳои ИИАО 7,9% афзуд. Дар таъмини энергияи барқ, газ, буғ ва кондитсионер — 3,4% зиёдтар шуд.Дар обтаъминкунӣ, назорат ба ҷамъоварӣ ва тақсим кардани партовҳо — 0,4%. Дар баробари ин, саноати маъдани кӯҳӣ ва конҳо 0,6% кам шуд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) 3,8% афзоиш ёфта, аз суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ пештар аст. Имсол суръати тараққиёти иқтисодиёт боз ҳам баландтар аст.
https://sputnik.tj/20250113/maqomoti-armaniston-erevan-niyati-khuruj-iiao-nadorad-1065847379.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0e/1065857399_149:0:2878:2047_1920x0_80_0_0_7a8c06dd6d5152ee9bdf149b54b0bbb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, истеҳсол, маҳсулоти саноатӣ, иқтисод, саноат
ииао, авруосиё, истеҳсол, маҳсулоти саноатӣ, иқтисод, саноат
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ИИАО 4,4% зиёд шуд
Кишварҳои ИИАО афзоиши бештарро дар саноати коркард, соҳаҳои истеҳсолӣ, таъминоти барқ, газ, буғ ва кондитсионер нишон доданд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) истеҳсоли маҳсулоти саноат афзуд.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ИИАО 4,4% нисбат ба сатҳи моҳҳои январ-октябри соли 2023-ро ташкил дод.
Тавре аз Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) хабар доданд, афзоиши ин бахши иқтисод дар ҳамаи кишварҳои иттиҳодия мушоҳида шудааст:
Дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард дар кишварҳои ИИАО 7,9% афзуд. Дар таъмини энергияи барқ, газ, буғ ва кондитсионер — 3,4% зиёдтар шуд.
Дар обтаъминкунӣ, назорат ба ҷамъоварӣ ва тақсим кардани партовҳо — 0,4%. Дар баробари ин, саноати маъдани кӯҳӣ ва конҳо 0,6% кам шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) 3,8% афзоиш ёфта, аз суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ пештар аст. Имсол суръати тараққиёти иқтисодиёт боз ҳам баландтар аст.