https://sputnik.tj/20250113/jaloli-juziyot-sozishnoma-hamkori-rusiya-eronro-oshkor-1065839177.html
Ҷалолӣ ҷузъиёти созишномаи ҳамкорӣ миёни Русия ва Эронро ошкор кард
Ҷалолӣ ҷузъиёти созишномаи ҳамкорӣ миёни Русия ва Эронро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Бахши муҳими ин созишнома ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва энержӣ ва ҳамчунин "шарикӣ дар масоили марбут ба дифоъ ва амният" хоҳад буд
2025-01-13T11:52+0500
2025-01-13T11:52+0500
2025-01-13T12:41+0500
русия
эрон
сиёсат
путин
масъуд пизишкиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0d/1065840245_17:105:1624:1009_1920x0_80_0_0_b4bed134319579771526b5c39b7cd1ed.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Аҳдномаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии Русия ва Эрон аз 47 модда иборат буда, тамоми бахшҳои равобити дуҷонибаро дар бар мегирад. Дар ин бора сафири Эрон дар Маскав Козим Ҷалолӣ изҳор дошт, ки суханони ӯ дар шабакаи телеграми намояндагии дипломатӣ оварда шудааст. Таъкид мешавад, ки бахши муҳими ин созишнома ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва энержӣ ва ҳамчунин "шарикӣ дар масоили марбут ба дифоъ ва амният" хоҳад буд.Созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Русия ва Эрон ба ҷои созишномаи феълӣ дар бораи пояҳои равобит ва принсипҳои ҳамкорӣ, ки ҳанӯз соли 2001 имзо шуда буд, пешбинӣ шудааст. Кор барои ҳуҷҷати нав аз соли 2022 идома дорад, моҳи июни соли гузашта маълум шуд, ки ҷонибҳо матни онро ба мувофиқа расонидаанд.Бархе расонаҳо навиштанд, ки қарордод дар ҷараёни нишасти октябри БРИКС дар Қазон имзо шавад, аммо раҳбарони Русия ва Эрон ба мувофиқа расиданд, ки маросими имзо дар ҷараёни сафари ҷудогонаи раисиҷумҳури Эрон ба Маскав сурат бигирад. Бар асоси гузоришҳо Масъуд Пизишкиён рӯзи 17 январ аз пойтахти Русия дидан мекунад.
https://sputnik.tj/20250112/dunbol-raisi-roh-pizishkiyon-tariq-dushanbe-maskav-1065835922.html
русия
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0d/1065840245_55:0:1578:1142_1920x0_80_0_0_59e4c8fdf77cff8e0c89af3610b88e28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷалолӣ ҷузъиёт созишнома ҳамкорӣ русия эрон ошкор
ҷалолӣ ҷузъиёт созишнома ҳамкорӣ русия эрон ошкор
Ҷалолӣ ҷузъиёти созишномаи ҳамкорӣ миёни Русия ва Эронро ошкор кард
11:52 13.01.2025 (Навсозишуда: 12:41 13.01.2025) Бахши муҳими ин созишнома ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва энержӣ ва ҳамчунин "шарикӣ дар масоили марбут ба дифоъ ва амният" хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Аҳдномаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии Русия ва Эрон аз 47 модда иборат буда, тамоми бахшҳои равобити дуҷонибаро дар бар мегирад.
Дар ин бора сафири Эрон дар Маскав Козим Ҷалолӣ изҳор дошт, ки суханони ӯ дар шабакаи телеграми намояндагии дипломатӣ оварда шудааст.
"Ин созишнома қисми муқаддимавӣ ва 47 моддаро дар бар мегирад, ки бо имзо ва татбиқи ин созишнома мо шоҳиди боло рафтани сатҳи ҳамкориҳои кишварҳоямон дар тамоми соҳаҳо хоҳем шуд", - гуфт ӯ.
Таъкид мешавад, ки бахши муҳими ин созишнома ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва энержӣ ва ҳамчунин "шарикӣ дар масоили марбут ба дифоъ ва амният" хоҳад буд.
Созишномаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Русия ва Эрон ба ҷои созишномаи феълӣ дар бораи пояҳои равобит ва принсипҳои ҳамкорӣ, ки ҳанӯз соли 2001 имзо шуда буд, пешбинӣ шудааст.
Кор барои ҳуҷҷати нав аз соли 2022 идома дорад, моҳи июни соли гузашта маълум шуд, ки ҷонибҳо матни онро ба мувофиқа расонидаанд.
Бархе расонаҳо навиштанд, ки қарордод дар ҷараёни нишасти октябри БРИКС дар Қазон имзо шавад, аммо раҳбарони Русия ва Эрон ба мувофиқа расиданд, ки маросими имзо дар ҷараёни сафари ҷудогонаи раисиҷумҳури Эрон ба Маскав сурат бигирад.
Бар асоси гузоришҳо Масъуд Пизишкиён рӯзи 17 январ аз пойтахти Русия дидан мекунад.