https://sputnik.tj/20250110/rusiya-armaniston-ittihodiyai-avrupo-khuruji-iiao-1065822877.html
Русия тарҳи пайвастани Арманистон ба Иттиҳодияи Аврупоро оғози хуруҷи он аз ИИАО медонад
Русия тарҳи пайвастани Арманистон ба Иттиҳодияи Аврупоро оғози хуруҷи он аз ИИАО медонад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия мегӯяд, бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро метавон ба харидани чипта ба Титаник монанд кард
2025-01-10T18:12+0500
2025-01-10T18:12+0500
2025-01-10T18:12+0500
арманистон
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
иттиҳодияи аврупо
русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0a/1065820216_0:99:1840:1134_1920x0_80_0_0_2ea8b88ff2459e8ab3b2adbfce1f3f86.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Русия муҳокимаи лоиҳаи қонун дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар Арманистон оғози хуруҷи Ереван аз Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) медонад.Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук ба рӯзноманигорон хабар дод."Мо оғози муҳокимаи лоиҳаи қонун "Дар бораи оғози раванди пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо"-ро дар Арманистон оғози хуруҷи Арманистон аз ИИАО мешуморем. Русия сиёсати иқтисодии худро нисбат ба Арманистон бо дарназардошти ин ҳолат ба роҳ мемонад”, - гуфт Оверчук.Ба гуфтаи муовини сарвазир, ин ду иттиҳодия ба ҳам мувофиқ нестанд. Вай таъкид кард, ки дар сурати даст кашидан аз равобит бо ИИАО, қимати нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ дар кишвар боло меравад. Оверчук афзуд, ки дар ин сурат содироти колоҳои онҳо метавонад 80% коҳиш ёбад."Ҳамин тавр, мардуми оддӣ даромад ва ҷои кори худро аз даст медиҳанд ва барои лавозимоти зарурӣ пули бештар пардохт хоҳанд кард. Ба эҳтимоли зиёд, онҳо режими бидуни раводид (бо кишварҳои аврупоӣ) мегиранд. Арманистон таваыыущашро аз даст медиҳад", - боварӣ дорад муовини сарвазири Русия.Ба гуфтаи вай, ҳоло бештар рӯшантар мешавад, ки узвият дар ИИАО имтиёз аст ва бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки Иттиҳодияи Аврупо бо он рӯбарӯ аст, пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро метавон ба хариди чипта ба Титаник муқоиса кард.Рӯзи панҷшанбеи 9 январ ҳукумати Арманистон аз ташаббуси қонунгузорие, ки нерӯҳои ғарбгаро пешниҳод кардаанд, барои оғози раванди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кард. Лоиҳа дар парлумон баррасӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20250109/sodiroti-mahsuloti-kishovarzi-eron-iiao-afzoish-yoft-1065811017.html
арманистон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0a/1065820216_0:0:1643:1232_1920x0_80_0_0_06fda0f270a263d36ee31c0abe98da32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, арманистон, иқтисод, иттиҳодияи аврупо, авруосиё, ҳамкорӣ
ииао, арманистон, иқтисод, иттиҳодияи аврупо, авруосиё, ҳамкорӣ
Русия тарҳи пайвастани Арманистон ба Иттиҳодияи Аврупоро оғози хуруҷи он аз ИИАО медонад
Муовини сарвазири Русия мегӯяд, бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро метавон ба харидани чипта ба Титаник монанд кард
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Русия муҳокимаи лоиҳаи қонун дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар Арманистон оғози хуруҷи Ереван аз Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) медонад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук ба рӯзноманигорон хабар дод.
"Мо оғози муҳокимаи лоиҳаи қонун "Дар бораи оғози раванди пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо"-ро дар Арманистон оғози хуруҷи Арманистон аз ИИАО мешуморем. Русия сиёсати иқтисодии худро нисбат ба Арманистон бо дарназардошти ин ҳолат ба роҳ мемонад”, - гуфт Оверчук.
Ба гуфтаи муовини сарвазир, ин ду иттиҳодия ба ҳам мувофиқ нестанд. Вай таъкид кард, ки дар сурати даст кашидан аз равобит бо ИИАО, қимати нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ дар кишвар боло меравад. Оверчук афзуд, ки дар ин сурат содироти колоҳои онҳо метавонад 80% коҳиш ёбад.
"Ҳамин тавр, мардуми оддӣ даромад ва ҷои кори худро аз даст медиҳанд ва барои лавозимоти зарурӣ пули бештар пардохт хоҳанд кард. Ба эҳтимоли зиёд, онҳо режими бидуни раводид (бо кишварҳои аврупоӣ) мегиранд. Арманистон таваыыущашро аз даст медиҳад", - боварӣ дорад муовини сарвазири Русия.
Ба гуфтаи вай, ҳоло бештар рӯшантар мешавад, ки узвият дар ИИАО имтиёз аст ва бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки Иттиҳодияи Аврупо бо он рӯбарӯ аст, пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро метавон ба хариди чипта ба Титаник муқоиса кард.
Рӯзи панҷшанбеи 9 январ ҳукумати Арманистон аз ташаббуси қонунгузорие, ки нерӯҳои ғарбгаро пешниҳод кардаанд, барои оғози раванди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ кард. Лоиҳа дар парлумон баррасӣ мешавад.